spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ваксиназании оммавӣ дар Осиёи Марказӣ кай оғоз мегардад?

Аксарияти кишварҳои ҷаҳон зидди коронавирус ваксина таҳия намуда, бисёре аз онҳо дар марҳилаи хотимавии озмоиши он қарор доранд. Русия аллакай ваксинаи «Спутник V»-ро ба қайд гирифт, ки ҳамаи давраҳои озмоиширо гузашт. Аз 5 декабр дар Маскав нуқтаҳои ваксиназанӣ ба кор даромаданд. Дар марҳилаи аввал ба кормандони соҳаи маориф ва тандурустиву муассисаҳои иҷтимоӣ ваксина зада мешавад.

Дар ин робита ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ ният доранд, ки ваксиназании оммавии шаҳрвандонашонро ба роҳ монанд, ба ҷуз Тоҷикистон.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон дар рӯихати кишварҳое, ки доруи Covid-19 Русияро мехаранд, нест

Тоҷикистон алҳол ваксина хариданӣ нест

Дар Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки то исботи самаранокии ваксина, Тоҷикистон онро хариданӣ нест.

“Пас аз ҳамаи марҳилаҳоро гузаштани ваксинаи истеҳсоли Русия ва собит шудани самаранокии он, мо гуфтушунидҳо оид ба харидориро оғоз мекунем. Дар ҳоли ҳозир, ин масъала баррасӣ намешавад”, – гуфта буд қаблан як масъули дафтари матбуоти вазорат.

Ӯзбекистон ваксиназании 60%-и аҳолиро дар нақша дорад

То моҳи июни соли 2021 Ӯзбекистон ба нақша гирифтааст, ки 60%-и аҳолиро бо ваксиназанӣ фаро мегирад. Дар ин ҷо марҳилаи сеюм ва охирини озмоиши ваксинаи истеҳсоли Чин – Anhui Zhifei Longcom Biopharmaceutical-ро дар 5 ҳазор нафар ихтиёриён ҷараён дорад.

Ҳамчунин Ӯзбекистон ба Русия истеҳсоли муштараки ваксина аз коронавирусро пешниҳод намуд. Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта 100 воя (доза)-и ваксинаи "Cпутник V"-и истеҳсоли Руия барои озмоиш ба Тошканд оварда шуд.

Қазоқистон ваксинаи худро дорад

Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Тсой чанде қабл изҳор намуда буд, ки марҳилаи якуми эмкунӣ (ваксиназанӣ) аз коронавирус дар ин кишвар эҳтимол моҳи феврал шурӯъ шуда, нахуст шахсоне ба он фаро гирифта хоҳанд шуд, ки ба гурӯҳи осебпазир дохил мешаванд, аз ҷумла табибону омӯзгорон ва кормандони сохторҳои қудратӣ. Барои дигар шаҳрвандон ваксиназанӣ пулакӣ мешавад.

Аз 22 декабр дар Қазоқистон истеҳсоли ваксинаи русиягии "Спутник V" оғоз мегардад. Вазири тандурустии ин кишвар хабар додааст, ки эмкунӣ бо ваксинаи "Спутник V" дар ду давра сурат мегирад: эмкунии такрорӣ баъди 21 рӯз.

Ҳамчунин Қазоқистон ваксинаи худро таҳия намуда, он муваффақона аз озмоишҳои тодармонгоҳӣ (доклинический) гузашта, ҳозир озмоиши дармонгоҳии он ҷараён дорад.

Дар Қирғизистон нахуст табибон ваксина мегиранд

 Ҳукумати Қирғизистон ваксинаи зидди коронавирусро аз Русия, Туркия ва Қазоқистон дархост намуд. Аз ҳар кадоме аз ин кишварҳо онҳо 100 ададӣ ваксина дархост кардаанд, то ки озмоиши онро дар хоҳишмандон гузаронанд.

Ҳамчунин ҳукумат ният дорад, ки ваксинаи ширкати амрикоии Pfizer-ро харидорӣ намояд. Чанде қабл дар ҳукумат масъалаи харидории ваксинаи «Спутник-V»-и истеҳсоли Русия низ баррасӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумат изҳор дошт, ки дар сурати дастрас шудани ваксина, нахуст кормнадони соҳаи тандурустӣ ва бахши иҷтимоӣ бо ваксиназанӣ фаро гирифта мешаванд.

Коронавирус нест, лекин ваксина харидан лозим аст

Туркманистон ягона кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар он расман ҳеҷ як ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, президент Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов дар вохӯрӣ бо вазири тандурустии ин кишвар дастур дод, ки ваксинаҳои хушсифати зидди коронавирус, ки дар давлатҳои гуногун истеҳсол шудаанд, харидорӣ шаванд.

Ҳамчунин президент супориш дод, ки истеҳсоли ниқобҳои муҳофиизатӣ, воситаҳои гигиенӣ ва безараргардонӣ идома ва воситаву маводи тиббии зарурӣ захира карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...