Ба гумони даст доштан дар куштори зани 24-сола дар ноҳияи Файзобод ҳамсари 32-солаи ӯ боздошт шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шоми рӯзи 13-уми декабр дар чуқурии назди идораи шабакаи барқии шаҳраки Файзобод ҷасади ҷавонзани 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Д.Алиеви ҳамин ноҳия бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шудааст.
Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шавҳараш, марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Дуздӣ) суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
“Номбурда санаи 11-уми декабр ҳангоми муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш ӯро ба назди идораи шабакаи барқии ноҳия бурда, ба чуқурӣ тела медиҳад ва баъди афтидан, ӯро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонида, баъдан, ҷасадро зери хок мекунад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад”, – қайд мешавад дар маълумоти ВКД.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.