spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Аъзои нави ҳукумат ба президент савганди садоқат ёд карданд

Имрӯз дар Қасри миллат бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими савгандёдкунии аъзои ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат дар ин хусус ёдрас мешавад, ки мутобиқи моддаи 73 Конститутсияи  Тоҷикистон ва моддаи 8 Қонуни конститутсионии  ҶТ “Дар бораи ҳукумати ҶТ”, аъзои ҳукумат баъди таъин шудан ба вазифа ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба Президенти Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.

Гуфта мешавад, аъзои ҳукумат бо дарки масъулият ба Президенти Тоҷикистон савганд ёд карданд, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло мегузоранд, тамоми нерӯ  ва дониши худро барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон содиқона ва поквиҷдонона сарф менамоянд, Конститутсия, қонунҳо ва амру фармонҳои Президенти и Тоҷикистонро қатъиян риоя намуда, баҳри баланд бардоштани шӯҳрати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ софдилона хизмат менамоянд.

Зикр мегардад, ки пас аз анҷоми савгандёдкунии аъзои ҳукумат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аъзои ҳукуматро барои хизмати содиқона ва софдилона ба халқу Ватан ҳидоят  намуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (73)









































































Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...