spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Поёни ҳодисаи пурсарусадо: таҷовузгари ноболиғи 12-сола дар Ҳисор афв шуд

Суди шаҳри Ҳисор нисбати Ҳусниддин Абдуллоеви 42-сола, ки дар таҷовуз ба номуси духтари 12-сола айбдор карда мешуду ин ноболиғ баъдан фарзанд ба дунё овард, ҳукм содир намуд. Ӯ ба 5 соли зиндон маҳкум шуда, лекин бо истифода аз қонуни авф аз иҷрои ҷазо озод гардид.

Суд рӯзи 9 декабр ҳукм содир намуда, айбдоршаванда дарҳол аз толори суд раҳо шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷониби ҷабрдида ба ҳукм норозӣ буда, нисбати он дар зинаи болоӣ шикоят мебаранд, хабар дод ба “Азия-Плюс” Гулчеҳра Раҳмонова, роҳбари Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ба марди духтарро дар Ҳисор таҷовузкарда 20 соли зиндон таҳдид мекунад

“Мо аз суд боисрор талаб кардем, ки айбдоршаванда бо моддаи 138, қ. 3 (Таҷовуз ба номус) маҳкум карда шавад, лекин суд мутобиқи моддаи 141, қ. 1 КҶ ҶТ (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷиноят) ҳукм бароварда, ӯро ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Мо аз ҳукм норозӣ буда, айни замон ба Суди олӣ шикоят омода мекунем”, – мегӯяд Раҳмонова.

Адвокат умедвор аст, ки дар Суди олӣ хулосаҳои муайян бароварда, ҳукми зинаи аввалро бекор мекунанд.

2 мг хун дар роҳ ба Душанбе куҷо шуд?

Ба гуфтаи Гулчеҳра Раҳмонова, ҷониби ҳимоя бобати баргузории ташхиси ДНК шубҳа дорад: натиҷаҳои ташхис нишон доданд, ки Ҳусниддин Абдуллоев падари кӯдак нест.

“Агар парвандаи ҷиноятиро омӯзед, маълум мешавад, ки ташхиси хунро ҳамшираи шафқати муассисаи тиббӣ гирифтаааст, лекин бе иштироки шоҳидон (гувоҳон). Дар маводи парвнада зикр мешавад, ки аз Абдуллоев 10 мг хун гирифта шуда, вале вақте ташхисро ба Душанбе, ба беморхонаи Қарияи Боло барои ташхис меоранд, хун 8 мг боқӣ мемонад. Саволе ба миён меояд – 2 мг хун куҷо шуд?”, – савол медиҳад Гулчеҳра Раҳмонова.

Тавре адвокат қайд кард, ин саволе аввалест, ки судя зимни мурофиа ба он таваҷҷуҳ накардааст.

“Вақте ки ташхиси комиссионӣ, яъне такрорӣ таъин шуд, ҳатто ному насаби каси хунгирифта, миқдори хун зикр нашудаааст ва дар ҳамин ҳол, хун боз бе ҳузури шоҳидон гирифта шудааст”, – қайд кард Раҳмонова.

Ҳимоя аз болои ҳукм шикоят мебарад

Ба гуфтаи Раҳмонова, ба ин саволҳои шубҳанок барои ҷониби ҳимоя, ки дар мурофиа садо доданд, суд умуман таваҷҷуҳ зоҳир накарда, ба ин амалҳо аз ҷониби тафтишоти пешакӣ ҳеҷ гуна баҳо надод.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Парвандаи таҷовуз ба номуси духтари 12-сола дар Ҳисор зери назорати Ваколатдори ҳуқуқи кӯдакон

“Мо ҳозир шикоят тайёр карда истодаем. Ба меъёрҳои байнулмлалӣ такя мекунем ва албатта, минбаъд шояд дар бораи истифодаи меъёрҳои байнулмилалӣ фикр кунем, то ки барои ба адолат даст ёфтан дар ин парванда аз механизмҳои байнулмилалӣ истифода барем.Чунки дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ ба бисер камбудиҳо роҳ дода шуд”, – гуфт ӯ.

Баррасии хеле тез

Суд чунин парвандаи ҷиноятии ҷиддиро ҳамагӣ дар зарфи ду рӯз баррасӣ намуда, аллакай дар рӯзи дуюм ҳукм эълон шуд.

Гунаҳкор ба таҷовуз ба номуси ноболиғ Ҳсуниддин Абдуллоев зери авфи соли 2019 қарор гирифта, аллакай дар озодӣ аст.

Ба саволи “Азия-Плюс” дар бораи чӣ гуна мавриди авф қарор гирифтани гунаҳкор, Гулчеҳра Раҳмонова чунин посух дод:

“Ҷиноят моҳи августи соли 2019 содир шуда, моҳи октябри ҳамин сол қонун дар бораи авф қабул шуд. Бо вуҷуди моҳи майи соли 2020 боз шудани парвандаи ҷиноятӣ, аз рӯйи қонун замони содир шудани ҷиноят ба инобат гирифта мешавад. Пас агар ҷиноят то қабули қонуни авфи соли 2019 содир шуда бошад, судшаванда таҳти авфи ҳамон сол қарор мегирад”.

Шарҳи ҳодиса

Ёдрас мекунем, ки дар бораи ин ҳодисаи гӯшношунид рӯзи 17 июн Раҳматилло Зойиров дар саҳифааш дар Facebook хабар дод.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Таҷовуз ба номуси духтари хурдсол дар Ҳисор: гумонбаршуда пул дода, халос шуданӣ буд

Ӯ дар бораи таҷовуз ба номуси духтари 12-сола дар ҷамоати деҳоти Сомон, участкаи Кӯчабоғ дар Ҳисор аз ҷониби ҳамсояаш иттилоъ дод:

“Шаҳрванди 42-сола Ҳ.А. соли гузашта дар говхона ба номуси духтари 12-сола таҷовуз кард. Ӯ бо таҳдид ва истифода аз ҳолати нотавонии духтар ин корро чандин маротиба такрор кардааст. Ду моҳ пештар духтар кӯдак таваллуд карда, ҳозир дар Ҳисор болои духтар ва волидони ӯ фишор оварда мешавад, то ки қазия бо роҳи соишта ва бидуни оқибат ҳал шавад".

Дар ВКД Тоҷикистон дар посух ба изҳороти Раҳматилло Зойиров қайд карданд, ки “кормандони милитсия далели таҷовуз ба номусро ба қайд гирифта, айни замон гумонбаршуда боздошт ва прокуратураи шаҳри Ҳисор ба тафтиши ин далел машғул аст”.

Ба гуфтаи волидони духтарча, онҳо қариб як сол пеш ба прокуратура ва шуъбаи корҳои дохилӣ ҷиҳати шикоят аз болои ҳамсояашон муроҷиат карда, лекин аризаашонро қабул накардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...