Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар бораи боздошти ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Хатлон Шерафган Холов хабар медиҳад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, ӯ дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.
Гуфта мешавад, моҳи январи соли ҷорӣ Холов барои ивази чораи пешгирӣ дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат, аз шаҳрванд Ф.Сафаров маблағи 8 ҳазор доллари ИМА талаб намуда, онро тавассути дигар кас гирифтааст.
Моҳи апрели соли 2020 Шерафган Холов аз шаҳрванд Ф.Сафаров боз 2 ҳазор доллар гирифта, ваъда додааст, ки суд нисбати писари ӯ ҷазои ҷарима таъин мекунад.
Зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати Холов Ш.Ш. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶҶТ (Қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва он ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол шудааст. Мувофиқи ин модда то 12 соли зиндон ҷазо пешбинӣ шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.