Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки дар шаҳри Хоруғи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду ҷавон бо гумони бо корд захмӣ кардани як ҷавони 26-сола боздошт шудаанд. ВКД аз онҳо ном набурдааст, танҳо гуфтааст, ки ин ду ҷавон дастгир шудаанд.
Бино ба иттилои торнамои ВКД ин ду ҷавон бар асоси арзиаи шикоятии сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи С.Насиллобек боздошт шудаанд. Ин сокини 26-солаи шаҳри Хоруғ гуфтааст, ки рӯзи 25-уми декабр бидуни ҳеч кадом асосе он ду ҷавон ба ӯ дар афтода ҷангу ҷанҷол бардошта, бо корд ба узвҳои баданш се бор халидааву аз ҷойи ҳидиса фирор кардаанд.
"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 26 ва 23-солаи сокинон ҳамин шаҳр бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад",-менависад ВКД.
Ҳафтаи гузашта Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфта буд, ки дар 11 моҳи соли 2020 дар ин вилоят 541 ҷиноят сабти ном шудааст. Ин нуктаро сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ, сарҳанг Рустам Мирзомуродзода дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимою иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар ҳузури котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.