Зодаи вилояти Суғд Кароматулло Мирзоеви 20-сола барои лату кӯби ҳамхизматаш ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.
Мирзоев дар наздикии хонаашон хиззмати ҳарбиро адо мекард ва то охири муҳлати хизматаш ҳамагӣ 1 моҳ боқӣ монда буд.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд хабар дод, нимаи аввали соли равон Мирзоев наваскар А.М.-ро “барои густохӣ нисбати сержанти хурди қисми ҳарбӣ” лату кӯб кардааст.
“Аз зарба ҷоғи поёни наваскар шикаста, ӯ бо ҷароҳати вазниниаш миёна дар бемористон бистарӣ мешавад”, – хабар дод манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, Прокуратураи ҳарбӣ нисбат ба Кароматулло Мирзоев мутобиқи моддаи 373, қ. 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.
Дар ин модда аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ гардидааст. Суди ҳарбии гарнизони Хуҷнд бо назардошти хислатомаи мусбат аз ҷойи хизмати айбдоршаванда ва қаблан доғи судӣ надоштани Мирзоев, ӯро ба 5 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.