spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Зиндагии сахти паноҳандазане аз Афғонистон бо се фарзандаш дар Тоҷикистон

Фараҳноз Абдулҳайи 26-сола, ҳамроҳ бо хонаводааш аз Мазори Шарифи Афғонистон соли 2008 ба Тоҷикистон омад. Вай дар Тоҷикистон бо шаҳрванди дигари Афғонистон хонавода барпо карду соҳиби 3 фарзанд шуд. Пас аз 6 соли зиндагии муштарак, соли 2017 шавҳари Фараҳноз бо сабабҳои номаълум худкушӣ мекунаду тамоми бори зиндагӣ ва се фарзанди ноболиғ ба души Фараҳноз мемонанд.

 "Пас аз марги шавҳарам ба мушкилиҳои зиёде рубарӯ шудам ва бемории COVID-19 зиндагиямро вазнинтар кард. Дар корхонае кор мекардаму даромади рӯзонаам 15-сомонӣ буд, аммо он корхонаро “карантин” карданд. Пас аз чанд моҳи бекорӣ дар бозори марказии шаҳри Ҳисор ба кор шурӯъ кардам ва даромади рӯзонаам то 20 сомонӣ дар як рӯз мебошад”. 

Фараҳноз чанде қабл аз ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Ҳисор кӯч баста ва дар бозор ба моҳифурӯшӣ машғул мебошад. Даромади ночизе, ки Фараҳноз ба даст меорад барои кирои хонааш низ кифоят намекунад. Надоштани сарпаноҳ, танҳо мондани се фарзанди хурдсол, шомил нашудани духтари тақрибан 8-солааш ба мактаб мушкилиҳое ҳастанд, ки Фарҳнозро аз камбағалӣ карда, бештар нигарон кардааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

“Мехоҳам духтарам ба мактаб равад”

Ёриҳое, ки аз тарафи Вазорати молияи Тоҷикистон, СММ ва Ташкилоти ҷамъиятии “Кӯдакон, гурезагон ва шаҳрвандони осебпазир” (RCVC) ба Фараҳноз ва фарзандонаш шудааст, мушкилоти онҳоро кам накард, зеро ӯ натавонист духтарашро ба мактаб бибарад.

"Духтарам, ки моҳи апрели соли ҷорӣ 7-сола шуд, бояд ба синфи як мерафт, вале шароити ба мактаб шомил карданашро надоштам. Барои хариди лавозимоти мактабӣ ба ҳар ҷое, ки дар задам, ҳеҷ кас ба ман кӯмак накард. Духтарам аз таълим қафо монд ва танҳо моҳе қабл барои хариди лавозими мактабӣ аз тарафи RCVC кӯмак гирифтем, ки соли таҳсил алаккай ним шуда буд. Пули кӯмакшударо бошад, барои кирои хона додам ",- мегӯяд бо гиря Фараҳноз.

Тибқи қавонини Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил дар мактабҳои миёна, барои фарзандони гурезаҳо ва хизматрасонии тиббӣ ба оилаҳои паноҳанда дар Тоҷикистон комилан ройгон аст.  Аммо зиёданд хонаводаҳои паноҳандае, ки имкони ба таҳсил фаро гирифтани фарзандонашонро надоранд. 

ГАЛЛЕРЕЯ (6)






Дар ҳамин ҳол  Намояндагии идораи Комиссари Олии СММ оид ба масоили гурезагон (UNHCR) дар Тоҷикистон мегӯянд, бешубҳа каронавирус рӯз то рӯз ба зиндагии иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум ва паноҳандагони осебпазири афғон таъсири бештари худро расонида истодааст: «Аз сабаби буҳрони иқтисодӣ ва бекорӣ, мушкилот ва талаботи паноҳандагон низ бештар гашта истодааст».

Ба қавли ин ниҳод аз оғози ҳамагирӣ СММ ҳамкориҳои худро барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, таҳсилот, ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон, густариш дода истодааст. Дар ин давра ба 300 зани осебпазири гуреза ёрии молии якдафаина ва ба 1 ҳазору 325 оилаи паноҳҷӯ дар ҳамкорӣ бо Институти "Ҷамъияти кушода" Бунёди мадад дар Тоҷикистон ва фонди Оғқохон маводи озуқаворӣ ва зиддиуфунӣ кӯмак гардидааст.

“Сафорат моро дастгирӣ намекунад”

Гурезаҳои афғон бештар аз бетарафии Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон шикоят мекунанд. Ба гуфтаи қаҳрамони мо – Фараҳноз, Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба мушкилии гурезагони афғон расидагӣ намекунад: “Шиносномаи алоҳида надоштаму ному насаб ва аксам дар шиносномаи шавҳарам сабт шуда буд, ду сол пеш вақте аз ҷониби RCVC кумаки моддӣ барои хурду хӯроки фарзандонам расонида буданд, ин маблағро бурда, ба Сафорати Афғонистон додам ва то ҳол мунтазири шиносномаи худ мебошам.

Дар давраи ҳукумати Муҳаммад Довудхон аввалин раисҷумҳури Афғонистон Қонун "Дар бораи шиносномаиҳои хонаводагӣ" қабул шуд, тибқи қонун, ному насаб ва акси хонуму фарзандон дар шиносномаи марди хонавода сабт мегардид. Баъди ба сари Қудрат омадани Ҳомид Карзай ин қавонин аз байн рафт, аммо то чанд соли пеш барои масрафи изофӣ накардан аксар хонаводаҳои афғон талош мекарданд як шиноснома ба номи сардори оила гирифта, дигар аъзои хонаводаро низ дар ин шиноснома ворид кунанд. Айни ҳол дар Ҷумҳурии Афғонистон низ ба монанди Тоҷикистон, ҳар узви хонавода сарфи назар аз сину сол,  бояд шиносномаҳои алоҳида дошта бошанд.

Фараҳноз бошад нақша дорад соли оянд духтарашро, ки алакай навиштану хондани ҳуруфи тоҷикиро аз худ кардааст дар синни ҳаштунимсолагӣ бо бародараш якҷо ба мактаб равон кунад. Ҳамчунин умедвор аст, ки мавриди пуштибонӣ ва ёриҳо қарор мегираду зиндагияшро беҳтар мекунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...