spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

То сентябри соли 2021 дар Душанбе беш аз 23 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ изҳор дошт, ки соли ҷорӣ дар натиҷаи ба кор даровардани коргоҳу корхонаҳо ва баланд бардошти иқтидорҳои истеҳсолӣ беш аз 24 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд.

Зимни суханронӣ дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ӯ қайд кард, ки  бахшида ба 30-юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе зиёда аз 4,1 ҳазор иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Раиси пойтахт итминон дод, ки то моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе боз беш аз 23 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.

Ӯ зикр кард, ки айни замон дар иншооти асосии ҷашнӣ – боғи “Истиқлолият” бо майдони маҷмааи меъмории “Истиқлолият ва Озодӣ” корҳои сохтмон босуръат ҷараён доранд.

“То имрӯз дар иншооти мазкур ба маблағи умумии 4,1 млн сомонӣ марҳилаи аввали корҳо ба итмом расида, дар марҳилаи дуюм дар ҳаҷми ҳудуди 26 млн сомонӣ корҳо ба иҷро расидаанд”, – иброз дошт Рустами Эмомалӣ.

Зикр шуд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахт 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои наздики 14 ҳазор нафар хонандагон ба истифода дода мешаванд.

Соли оянда дар шаҳри Душанбе ҳамчунин 7 муассисаи томактабӣ барои таълиму тарбияи 2 ҳазор нафар кӯдакон мавриди истифода қарор мегиранд.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти чанде аз корхонаҳо дар минтақаи саноатии пойтахт воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур ҳусни оғоз бахшиданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Маросими оғози сохтмони минтақаи саноатии пойтахт дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуннисо дар ноҳияи Шоҳмансур 20 сентябри соли 2018 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Зикр шуда буд, ки барои сохтмони ин минтақа дар маҷмӯъ зиёда аз 150 млн сомонӣ масраф хоҳад шуд.

Роҳбарони корхонаву ширкатҳои «Ваҳдат», «Шаҳзода», «Грин гольд», «Норд Азия Металл», «Асрори  Санг», «ТАЛКО кабель» и «Энергетические и безопасные технологии», ки дар бунёди минтақа иштирок мекунанд, ба сарвари давлат итминон доданд, ки ҳамаи корхонаҳои минтақаи нав то ҷашни 30-юмин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...