Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз якдилона ва бидуни баррасӣ созишномаи ҳанӯз моҳи март имзошударо байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва ширкати “Ғаюр” дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ тасдиқ кард.
Зимни суханронӣ доир ба ин масъала назди вакилон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода хабар дод, ки барои ин корхона аз ширкати «Старлингер анд Ко джиэмбиэйч»-и Олмону Австрия ба маблағи 100 млн сомонӣ таҷҳизот харидорӣ шудааст, ки айни замон дар Осиёи Марказӣ собиқа надорад.
Тавре қаблан хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ дода буд, корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении “Ғаюр-Пак” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов бунёд шудааст.
Корхона имконият дорад, ки дар як сол 50 млн дона халтаи полипропиленӣ истеҳсол карда, бо сифати баланд пешниҳоди харидорон намояд.
Халтаҳои истеҳсолнамудаи ширкат яккарата буда, истифодаи онҳо ҳам барои муҳит безарар ва ҳам барои истифодабарӣ қулай аст. Дар он 140 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.
Саъдӣ Қодирзода ҳамчунин қайд кард, ки Корхонаи “Ғаюр-Пак” дар навбати худ ният дорад, ки аз ҳисоби маблағҳои корхона дар Душанбе ва Хатлон 4 мактаб ва кӯдакистон бунёд кунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.