spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тарафдорони Трамп Конгресси Амрикоро ғасб карданд

Нишасти якҷояи вакилони Амрико, ки барои тасдиқи натиҷаҳои интихоботи президентии моҳи ноябр ҷамъ омаданд, баъди вуруди издиҳоми хашмгини тарафдори раиси ҷумҳур Доналд Трамп ба бинои Конгресс ба ҳарҷу марҷ табдил ёфт.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, издиҳоми хашмгин, ки дар назди Капитол, бинои Конгресс ҷамъ омада буданд, ба зӯр ба самти бино ҳаракат карда, маъмурони пулисро ақиб заданд ва вориди бино шуданд.

Тасдиқи натиҷаҳои интихобот, расмиёти ниҳоӣ барои ҳамвор кардани роҳи Ҷо Байден раиси ҷумҳури мунтахаб барои адои савганд дар рӯзи 20-уми январ аст. Аммо расмиёти соддаи шумориши ҳайатҳои интихоботии ҳар иёлат ба баҳси асабоникунандае табдил ёфт, чун гуруҳе аз вакилон ба тасдиқи орои ҳайатҳои интихоботӣ аз баъзе иёлатҳои мухолифат карданд.

Ҳангоми ҷаласа дар берун аз бинои Капитол издиҳоми тарафдори Трамп бо маъмурони пулис бархӯрд карданд ба дохили бино роҳ ёфтанд ва сабаби мутаввақиф шудани ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ва Сенат шуданд.

МЕДИА (IFRAME)

Аъзои Конгресро аз бино берун бурданд ва пулис ба онҳо гуфт, ниқобҳои зидди гази ашковар бипӯшанд, чун барои пароканда кардани издиҳом аз ин василаи муқобила бо тазоҳургарон истифода шуд. Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрикоро, ки ҷаласаи муштараки вакилонро назорат мекард, маъмурони амниятӣ зуд аз бино берун бурданд.

Дида мешавад, ки чӣ гуна тарафдорони Трамп дар дохили бинои Капитол мегарданд ва ба толори Сенат ворид мешаванд. Дар як аксе дида мешавад, ки маъмурони амниятӣ аслиҳаи худро берун кашидаанд ва вакилон зери курсиҳо пинҳон шудаанд. Дар дохили бино як зане аз тири туфанг захмӣ шудааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (6)






Ҷо Байден, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Амрико амалкарди тарафдорони Трампро танқид кард ва аз раиси ҷумҳур хост, аз тариқи телевизиони саросарӣ ба тарафдоронаш муроҷиат кунад, ки бетартибиро бас кунанд. Ӯ гуфт: “Демократияи Амрико таҳти ҳамлаи бесобиқае қарор гирифтааст. Ин норизоятӣ нест, ин беназмӣ ва ҳарҷу марҷ аст.”

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мариел Бовсер, шаҳрдори Вашингтон дар шаҳр аз соати 6 шом то субҳи панҷшанбе қуюди шабгардӣ эълон кард.

Доналд Трамп баъди муддати кутоҳе бо як муроҷиати видеоӣ дар Твиттер дигарбора иддаои беасосаш дар бораи тақаллуб дар интихоботро такрор карда гуфт, ки тарафдоронаш “ба хона раванд.”

Баъди бетартибӣ дар бинои Капитол ҳам ӯ дар Твиттер навишт, ки тарафдоронаш “ором бошанд”. Кевин Маккарфи, вакили Маҷлиси намояндагон амалкарди издиҳомро ғайриамрикоӣ хонд ва ба телевизиони Фокс Нюс гуфт: “Ончӣ ки мегузарад, ғайриамрикоӣ аст ва бояд бас карда шавад.”

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пештар аз ин ҳазорон нафар аз тарафдорони Доналд Трамп дар Вашингтон ҷамъ омаданд, то ба зидди натиҷаҳои интихобот эътироз кунанд. Трамп пайваста ва бидуни далелу асос гуфтааст, ки дар интихобот тақаллуб шудааст ва на Байден, балки ӯ пирӯз омадааст. Доналд Трамп дар ҳузури тарафдоронаш дар назди Кохи Сафед ва чанд лаҳза пеш аз оғози нишаст бо лаҳни тунде расонаҳо ва интихоботро танқид кард ва гуфт:

“Мо ҳеч гоҳ таслим намешавем. Мо ҳеҷ гоҳ эътироф намекунем.” Издиҳом ҳам фарёд мекашид, ки “дуздиро бас кунед.”

Пеш аз беназмӣ, дар Конгрес баҳсу ҷадал дар бораи натиҷаҳои интихобот бархост, чун камаш 14 вакили Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва бештар аз 100 узви Маҷлиси намояндагон ба тасдиқи натиҷаҳои интихобот дар баъзе иёлатҳо мухолифат карданд.

Тасмими ин вакилон барои ба чолиш кашидани натиҷаҳои интихобот дар байни худи ҷумҳурихоҳон ихтилоф барангехт. Митч Макконел раҳбари ҷиноҳи ҷумҳурихоҳон ҳамҳизбонашро барои чунин коре танқид кард ва гуфт: “Раъйдиҳандагон, додгоҳҳо, иёлатҳо ҳама сухани ниҳоиашонро гуфтанд. Агар мо ҳарфи онҳоро рад кунем, то абад ба ҷумҳурӣ зиён мерасонем.”

Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки имрӯз “рӯзи таърихии дорои аҳамияти фавқуллода барои таъмини боварӣ ба системаи демократии мо аст.”

Бо вуҷуди ин 14 вакили ҷумҳурихоҳ ба раҳбарии Ҷош Ҳоли аз иёлати Миссури ва Тед Круз аз Тексас ҳамроҳ бо 100 ҳамҳизбашон дар Маҷлиси намояндагон барои беэътибор донистани натиҷаи орои ҳайатҳои интихоботӣ дар 6 иёлат, аз ҷумла Аризона, Ҷорҷиа, Невада, Мичиган, Пенсилвания ва Висконсин талош карданд. Мухолифату эрод ба натиҷаҳо сабаб шуд, нишаст то шом идома кунад.

ГАЛЛЕРЕЯ (9)









Талоши ҷумҳурихоҳон ҳеч самаре намедиҳад, чун Маҷлиси намояндагон дар дасти демократҳо аст ва бисёре аз ҷумҳурихоҳон низ бо ҳамҳизбони мухолиф ба натиҷаҳо ҳамназар нестанд.

Ҷаласаи Конгресро Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳур назорат мекард ва бо вуҷуди фишори Трамп барои напазируфтани пирӯзии Ҷо Байден ӯ, гуфт, ки ин корро намекунад.

Доналд Трамп барои ин баёния Майк Пенсро танқид карда гуфт, ки ӯ барои ба чолиш кашидани натиҷаҳои интихобот “ҷасорат” накардааст.

Дар интихоботи рӯзи 3-уми ноябр Ҷо Байден 306 ва Доналд Трамп 232 орои ҳайатҳои интихоботиро ба даст овард ва ин натиҷаҳоро тамоми ҳайатҳои интихоботӣ аз иёлатҳои Амрико тасдиқ кардаанд.

Додгоҳу иёлатҳо шикоятҳои расмии ситоди Доналд Трамп дар бораи тақаллубу қонуншиканӣ дар интихоботро беасос номида рад карданд, вале раиси ҷумҳур пайваста иддаои беасос дар бораи тақаллубкорӣ дар интихоботиро такрор мекунад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...