Телевизионии форсии BBC дар солгарди сарнагун кардани ҳавопаймойи мусофирбарии «Боинг»-и хатсайри PS-752 укроинӣ, ки аз Теҳрон ба Киев парвоз мекард, аз сӯйи мушакҳои падофанди Сипоҳи посдорони Эрон як мустанадеро дар бораи бозмондагон қурбониёни ин фоҷиа нашр кардааст.
Дар ин ҳодиса, ки субҳи 8-уми январи соли 2020 иттифоқ уфтод, 167 мусофир ва 9 ходимаи ин ҳавопаймо кушта шуданд. Бо гузашти як сол аз ин ҳодса ҳанӯз даъвои мақомоти укроинӣ ва эронӣ бар сари ин ҳодса хатм нашудааст. Онҳо ҳанӯз ба иштибоҳӣ сарнагун кардани ҳавопаймо шубҳа доранд ва аз ҷониби Эрон далелу шавоҳиди комилтар талаб мекунанд.
Ҳолу ҳавои бозмондагони қурбониёни ин ҳодисаи мудҳиҳро дар ин мустанад бибинед:
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.