Интихоботи нави пеш аз муҳлат дар Қирғизистон, ки Содир Ҷабборовро ба қудрат расонид, аз оғоз то кунун мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои минтақа буд. Хусусан ин интихобот рӯйида аз эътирозҳое буд, ки дар як нимашаб қудратро аз раисҷумҳуре гирифт, ки ҳамтойи пешинашро дар муборизаи сиёсӣ ба зиндон кашида буд. Вале саранҷом дар ин кишвар боз як зиндонии дигари ба бовари аксарият сиёсӣ ба арикаи қудрат такя зад. Коршиносони тоҷик дар мавриди ояндаи сиёсии ҳукумати Ҷабборов ва таъсири он ба минтақаву Тоҷикистон назарҳои то андозае монанд доранд.
Хурсанд Хуррамов коршиноси равобити байналмилал ва таҳлилгари Радиои Озодӣ мегӯяд, ки аз омадани раисҷумҳури нав дар Қирғизистон таъсири бузургеро ба минтақа намебинад, вале ташаббуси ӯро барои гузаштан ба низоми раёсатӣ (президентӣ), тақивият додани далелҳои онҳое медонад, ки ба парламентаризм дар минтақа шубҳа доштанд. Ҳамчунин ба назари ин коршинос Ҷабборов дар ҳалли масоили марзии мавҷуд бо Тоҷикистон муваффақияти зиёде нахоҳад дошт.
“Он чи марбут ба Тоҷикистон мешавад, Ҷабборов масъулияти ҳалли ҳар чи зудтари мушкилоти марзиро ба дӯш гирифт, албатта бидуни ироаи ҷузъиёт. Вале бо дар назар гирифтани мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии мавҷуд дар Қирғизистон, ба назари ман барои президенти нав дар масоили марзӣ, агар битавонад ҳолати мавҷудро дар нуқтаҳои марзӣ ҳифз кунад, муваффақияти бузурге хоҳад буд”,- мегӯяд Хуррамов.
Аммо Қосими Бекмуҳаммад коршиноси дигари тоҷик, ки равандҳои сиёсии кишвари ҳамсоя ва минтақаро ҳамеша дунбол мекунад, мегӯяд, ки ташаббуси Ҷаббаров барои гузаштан ба низоми раёсатӣ ҳамовозиву истиқболе аз сӯйи кишварҳои дигари минтақа, ки ин низомро доранд, хоҳад дошт.
“Дар бораи таъсири ин интихобот ба кишварҳои ҳамсоя ва аз ҷумла Тоҷикистон, ман фикр мекунам, ки бозгашт ба низоми раёсатӣ дар Қирғизистон мавриди ҳимоят ва ризояти ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд, зеро дар кишварҳои минтақа ба Қирғизистон ба унвони озмоишгоҳе, ки дар ҷо таҷрибаи низоми парлумонӣ мавриди таҷриба қарор дошт, нигоҳ мекарданд”,-бовар дорад Қосими Бекмуҳаммад.
Ба назари ин коршинос пас аз чунин ранг гирифтани кор бархе аз нухбагон ҳоким аз чунин тағйиру таҳавули низоми сиёсӣ дар Қирғистон эҳсоси нороҳатӣ ва то ҷое нигаронӣ доштанд, зеро дар сурати мувафақ шудан ин низом метавонистанд, ки кишварҳои ҳамсоя, азҳоби сиёсӣ ва ҷомеаи маданӣ ба ин самт ҳаракат кунанд ва ба ҳукуматҳо фишор ворид намоянд, то шароитро барои интиқол ё гузаштан ба низоми парлумонии комил ё парлумонии раёсатӣ фароҳам кунанд. Ин таҷрибаи Қирғизистон чандон мувафақиятомез набуд, фикр мекунам, ки имрӯз дар пойтахтҳои Осиёи Марказӣ аз он ки Қирғизистон дубора ба низоми раёсати ҷумҳурии комил бармегардад, то ҳудуде нафаси роҳат мекашанд.
Аммо коршиносон ба ояндаи сиёсии ҳукумати Ҷабборов хеле назари хуш надоранд. Хурсанд Хуррамов мегӯяд, ки натиҷаи интихобот дар Қирғистон сиёсатмадореро ба қудрат расонид, ки эҳтимолан, ҳам аз лиҳози характер ва ҳам ҳолномааш барои тӯдаҳо хеле наздик аст.
Содир Ҷабборов, ки дар пайи эътирозҳо озод шуд ба унвони як маҳбуси ақидатие пазируфта мешавад, ки қурбонии таъқиботи сиёсӣ шуд. Эҳтимолан ин образ ва ҳамчунин образи ватандӯсти миллигарое, ки пештар барои милли кардани конҳои тилло мубориза мебурд, чеҳраи ӯро, хусусан дар давру бар, маъруфтар кард.
“Бо дар назар гирифтани раъйпурсии баргузоршуда дар мавриди гузаштан ба низоми раёсатӣ (идораи президентӣ), ки низ аз сӯйи тими президенти тозаинтихоб роҳандозӣ шуда буд, Ҷабборов ҳадаф дорад, ки дар Қирғизитон хатти қудратро мисли модели кишварҳои ҳамсоя тақвият кунад. Парламентаризм (маҷлисмеҳварӣ), ки ин кишвар аз соли 2010 талош дошт ниҳодина шавад, ба назари ӯ (Ҷабборов) барои Қирғизистон намешавад, зеро ба гуфтаи вай ин кишварро на ба моликияти мардум, балки чанд ҳизб табдил медиҳад. Вале ин ки ӯ то куҷо метавонад тавофуқ миёни гуруҳҳои гуногуни нухбаҳоро ҳифз ва ҳузури сиёсии онҳоро дар низоми раёсатӣ таъмин кунад, савол боқӣ мемонад”, – боварманд аст таҳлилгари сиёсӣ Хурсанд Хуррамов.
Хуррамов ҳамчунин дар давраи аз ҳама мушкили Қирғизистон ба қудрат расидани Ҷабборовро яке аз чолишҳои бузурги ҳукумати ӯ медонад. “Ҷабборов раҳбарии кишварро дар давраи аз ҳама мушкил, замоне ки дар кишвар буҳрони шадиди иқтисодиву молӣ, коҳиши маблағҳои интиқолӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ ва набуди умедвориҳо ба сармоягузориҳои мушаххасе, ба даст гирифт. Ваъдаҳои ӯ, ки ин мушкилотро ҳал мекунад ӯро муваффақ кард, вале боз ҳам ӯро масъули ҳамаи номуваффақиҳое кард, ки кишвар дар ояндаи наздик ба он мувоҷеҳ мешавад”.
Аммо Қосими Бекмуҳаммад аз ин изҳори таассуф мекунад, ки аз низоми порлумонии президентӣ ба низоми президентӣ бурдани Қирғизистон аз сӯйи Ҷабборов, нишон медиҳад, ки дар шароити феълии ин кишвар ва ҳамчунин, куллан, дар сатҳи минтақа ҳам нигоҳ кунем, ҳанӯз на азҳоби сиёсӣ, на фазои ин кишварҳо барои чунин як низом омадагӣ надоштааст. Аммо ин ки Қирғизистон низоми мудириятии худро шабеҳи низомҳои кишварҳои ҳамсояи минтақавияш кард хуб аст ё бад, ин коршинос мегӯяд, ки вақт нишон хоҳад дод.
“Ба иборати дигар, таҷрибаи кишвари Қирғизистон нишон медиҳад ки дар шароити кунунӣ бо таваҷуҳ ба зеҳният ва менталитете ки дар ин кишвар ва куллан минтақа вуҷуд дорад, ҳануз барои гузаштан ба низоми мудирияти парлумонӣ як миқдор зуд аст, на азҳоби сиёсӣ барои иҷро кардани ҷунин нақше пухта расидаааст ва на ҷомеаи суннатӣ омодагӣ барои пазириши як шароити нави сиёсиро дорад”.
Ба хулосаи Қосими Бекмуҳаммад ҳам дар Қирғизистон ва ба сурати куллӣ бештари кишварҳои минтақа ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳизбҳои болоӣ рангу буйи гуруҳӣ ва минтақавӣ (марбут ба минтақаҳои хоси як кишвар) доранд. Бинобар ин дар референдум ба ҷонибдорӣ аз тағйири ислоҳи қонқуни асосӣ ва бозгашт ба низоми раёсатӣ овоз доданд, ки ин таҷреҳи ин ҷомеа ё бартар донистани низоми раёсатииро дар ин марҳалаи ҳаёти сиёсии Қирғизистон нишон медиҳад ва бозгӯкунандаи он аст, ки бештар ба дарди ин кишвар мехурад”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.