Дар вилояти Лугари Афғонистон як коргоҳи минасозии ҳаракати "Толибон"-ро кашф кардаанд. Дар ин бора бахшии дарии Садои Амрико хабар додааст.
Ба гузориши Садои Амрико бо нақли қавл аз Вазорати дифои Афғонистон, ин корхона баъди кашф аз сӯйи мақомоти Афғонистон вайрон карда шудааст. Вазорати дифои Афғонистон гуфтааст, ки ин корхонаро дар натиҷаи як амалиёти вижаи неруҳояш шаби гузашта ошкор ва тахриб кардаанд.
Вазорати дифои Афғонистон ҳамчунин гуфтааст, ки "Толибон" бо сохту сози мина дар ин корхона ғайринизомиёнро ҳадаф қарор медодаанд ва биноҳои истифодаи умумро тахриб мекардаанд.
Кашфи корхонаи сохту сози минаи "Толибон" дар ҳолест, ки вақтҳои ахир дар Афғонистон террорҳои ҳадафманд ба василаи минаҳои часпакӣ ва ҷосозишуда дар худравҳову коргоҳҳо зиёд шудааст. Дар ин террорҳо, асосан шахсиятҳои маъруф, рӯзноманигорон, фаъолони ҷомеаи маданӣ ва сиёсиҳо мавриди ҳадаф қарор мегиранд.
Тибқи маълумоте, ки вазорати дифои Афғонистон ироа кардааст, аз ин корхона беш аз 200 тири тӯби D-30, минаҳои бушкаӣ ва миқнотисӣ (магнитӣ) ба дасти неруҳои мусаллаҳ уфтодааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.