Душанбе. 13-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Мувофиқи қарори додгоҳ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷем», ки дар шаҳри Толяттии Русия (вилояти Самара) мағозаи гипермаркети «Окей» ба он таллуқ дорад, барои ғайриқонунӣ ба кор гирифтани муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба маблағи 250 ҳазор рубл ҷарима баста шуд.
Дар сомонаи интернетии додситонии вилояти Самара хабар дода мешавад, ки додситонӣ ҳолати ба кор ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатии хориҷиро дар ширкати «Ҷем» мавриди тафтиш қарор додааст.
«Тафтишот ошкор сохт, ки ширкат бидуни доштани иҷозатномаи кор дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ шаҳрванди Тоҷикистонро ба сифати дарбон дар қаламрави мағозаи
«Окей» ба кор қабул кардааст ва ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузории мавҷуда шаҳрванди хориҷӣ танҳо дар сурати доштани иҷозатномаи муқарраршуда ба кор қабул карда мешавад», – гуфта мешавад дар хабар.