Маҷлиси ҷамъбастии ҳукумати Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ аз рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2020 ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2021, ки қариб муддати тамоми рӯзи 27 январ ҷараён дошт, ба охир расид.
Аз рӯйи натиҷаҳои он тағйироти кадрӣ сурат нагирифт.
Дар маҷлиси ҳукумат ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳо, раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо шунида шуд.
Ёдрас мекунем, ки пеш аз маҷлиси ҷамъбастии ҳукумат президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон паёми ҳамасолаи худро ба парлумон ироа кард.
Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.