spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Баҳси пулгирии расмиву ғайрирасми соҳибкорону молики бозори “Суғдиён”: ҳукумат “ҳамкорӣ кунед”

Гуруҳе аз соҳибкорон ва фурӯшандагони Маркази тиҷорати "Суғдиён" дар вилояти Суғд молики ин бозорро барои аҳдшиканӣ ва талаб кардани пули ғайрирасмиву барзиёд барои иҷора гунаҳкор медонанд. Директори бозор ин даъвои соҳибкоронро беасос медонад ва мегӯяд, пулеро, ки берун аз иҷорапулӣ мегиранд, барои навсозиву кори хоҷагидории бозор аст.  Ин соҳибкорон мегӯянд, ки ба ҳама мақомоти сатҳи вилоят то Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, вале мушкилашон ҳал нашудааст.

Баъди бозсозиву анҷоми корҳои сохтмон ҳамоно барзиёд талаб шудани иҷорапулии дӯконҳо, гурӯҳе аз соҳибкорони Маркази тиҷорати "Суғдиён"-ро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, оғози соли 2019 бо раҳбарияти бозор ба тавофуқ расида буданд, ки то ду соли баъди анҷоми корҳои бозсозӣ солона аз нишондоди шартнома берун пул медиҳанд ва ҳамин корро низ карданд. Ҳоло шикояти тоҷирон ин аст, ки “ду соли ваъдагӣ” гузашту барои соли сеюми 2021 низ аз онҳо маблағи солонаи берун аз пули иҷора гирифтанд ва таъкид кардаанд, ки минбаъд низ медиҳед.

Ин дар ҳолест, ки соҳибкорон мегӯянд, онҳо пули иҷораи худро бемушкил месупоранд ва ҳамчунин барои барқу масрафоти дигар низ ҷудогона пул мепардозанд. Аммо моликони бозор аз онҳо пули зиёдатии дигаре талаб мекунанд, ки барои он ба соҳибкорон расид (квитансия) намедиҳанд.

Аммо моликони маркази тиҷоратӣ мегӯянд, “барои сохтмон, азнавсозӣ ва ё корҳои дигар дар алоҳидагӣ аз онҳо маблағ нагирифтаанд, балки он маблағҳои муқаррарии иҷоравӣ буд”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дохили маркази тиҷоратии "Суғдиён"

Зебуннисо Ҷабборова, як фурӯшандаи маркази тиҷорати Суғдиён ба “Азия-Плюс” гуфт, мувофиқи шартномаи басташудаи ҷонибҳо ӯ давоми як сол ҳар моҳ барои як дӯконаш 520 сомонӣ ва барои дӯкони дигараш 660 сомонӣ иҷорапулӣ медиҳад. Аммо боз солона 15 ҳазору 360 сомонӣ барои як дӯкону 14 ҳазору 80 сомонӣ  барои дӯкони дигараш низ медиҳад, ки ин берун аз шартнома будааст.

“Дар вақташ контейнерҳои моро бардошта гуфта буданд, ки дар фосилаи ду-се сол, ҷойи савдоятонро нав карда медиҳем. Он вақт пули сохтмон гуфта буданд, мо дода истода будем. Ҳозир мегӯянд, ки акнун ин пули иҷора аст ва то бозор ҳаст, ҳамин миқдор пулро медиҳед. Ин пули зиёди додаи мо дар шартнома дохил нест”.

Дилбар Файзуллоева, соҳибкоре, ки бо фурӯши либоси кӯдакона машғул аст, мегӯяд, солона 19 ҳазору 200 сомонӣ барои пешбурди савдо дар дӯконаш медиҳад ва боз ҳар моҳ 760 сомонӣ иҷорапулӣ месупорад. Ӯ гуфт давоми ду соли ахир ҳамин маблағи 19 ҳазору 200 сомониро супурд ва соли ҷорӣ низ бояд диҳад.

“Як қисми пулро якбора мегирем, боқимондаро ҳар моҳ гуфтанд. Пули расмии иҷораи дӯкон 760 сомонӣ аст ва расид (чек) медиҳанд. Вале барои маблағи моҳонаи 2200 сомонии дигар чек намедиҳанд. Ҳоло ҷамъ кунед, солона беш аз 28 ҳазор сомонӣ ғайр аз пули андоз шуда истодааст. Ин миқдор маблағро дар ҳозира шароит, ки савдо хуб нест, мо кор карда наметавонем”.

Бозсозӣ бо пули худиву қарзи бонкӣ буд

Моҳи январи соли 2019 корҳои бозсозии маркази тиҷорати "Суғдиён" дар рӯ ба рӯи Бозори Сомон дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз шуда, ҳамагӣ баъди се моҳи ҳамон сол анҷом ёфт. Директори ҶДММ Маркази тиҷоратии "Суғдиён" Тоҳир Ғафуров гуфт, корҳои сохтмонӣ бо гирифтани қарз аз бонк ва маблағҳои худи муассиси маркази тиҷорать иҷро шуда, ба ҷойи контейнерҳои оҳанӣ онҳо нуқтаҳои нави савдои замонавиро барои соҳибкорон сохтанд".

ИЗОБРАЖЕНИЕ Директори "Суғдиён", Тоҳир Ғафуров

“Дар ҳақиқат мувофиқа шуда буд, ки барои корҳои сохтмонӣ аз соҳибкорон вобаста аз андозаи нуқтаҳои савдо маблағ гирифта мешавад. Дар ин ҷо гурӯҳе розӣ шуданд ва гурӯҳе розь нашуданд. Аз ин рӯ, муассис қарореро қабул кард, ки аз ягон нафар соҳибкор маблағ гирифта нашавад. Дар ҳақиқат аз оғоз то анҷоми корҳои сохтмонӣ аз соҳибкорон ягон маблағ барои анҷоми ин кор гирифта нашуд. Бо маблағҳои худи муассис ва гирифтани қарз аз бонк корҳои сохтмонӣ шуд”.

Директори маркази тиҷоратӣ мегӯяд, иҷорапулии соҳибкорон дар “Суғдиён” вобаста аз мавзеи ҷойгиршавии дӯконҳо аз 10-12 сомонӣ то 100-130 сомонӣ барои як метри мураббаъ аст. Моликони марказ мегӯянд, инҷо сухан дар бораи он маблағҳое меравад, ки барои хароҷот ва ободонӣ бояд пардохт шавад.

"Маблағи пешпардохти солона ин қисми иҷорапулии пешпардохт аст. Фарз кардем, барои як сол агар 20 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазор сомонӣ ва ё 1000 сомонӣ муайян карда шуда бошад, як қисми он ба андозаи 40, 50, 60% пешпардохт мешавад, ки барои пешбурди корҳои хоҷагидории маркази тиҷоратӣ аст. Барои корҳои сохтмон, таъмир азнавсозӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ муайян карда шудааст” – мегӯяд директори маркази тиҷоратӣ.

Аммо соҳибкорон мегӯянд, ки ин пул дар шартномаи онҳо зикр нашудааст ва моликони бозор ғайрирасмӣ аз онҳо ин пулро меситонанд ва маълум нест, он вориди ҳисоботи молиявии онҳо мешавад ё не?!

Ҳукумати вилоят: "бо маъмурият ҳамкорӣ кунед"

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ҳамин ҳол Шаҳноза Раҳимова, фурӯшандаи  гарданбанд(шарф)-у рӯймол мегӯяд, барои расидагӣ ба ин масъала ба ҳукумату мақомотҳои марбута муроҷиат кардаанд.

 “Мо ба ҳукумати Суғд, прокуратура, Агентии коррупсия ва то Душанбе муроҷиат кардем. Аммо аз ягон идора ҷавоби аниқ ба мактубҳои мо наомадааст. Мо дар маҷлиси ҳукумат гуфтем, ки гӯсфанду ҳалқаҳову мошину хонаҳоямонро фурӯхта, дар вақташ ба хотири оянда ҷойи кор гуфта, маблағ дода будем. Ду сол сохтмон гуфтанд, имсол боз ба куҷо ин маблағҳо?”

Ҳукумати вилояти Суғд ба чандин мактубҳои соҳибкорон посухҳои кӯтоҳ дода, аксаран аз онҳо хостааст, ки худашон бо соҳибмулкон масъалашонро ҳал кунанд ё агар ба тавофуқ нарасиданд, ба суд муроҷиат кунанд. Аз ҷумла дар яке посухҳои ҳукумати вилоят омадааст: 

“Бояд қайд намуд, ки байни Шумоён ва роҳбарияти ҶДММ “Маркази тиҷоратии Суғдиён” муносибати додугирифти баҳси шаҳрвандӣ ҷой дошта, ба Шумоён бори дигар тавсия дода мешавад, ки барои ҳалли масъала бо маъмурияти маркази мазкур ҳамкорӣ намоед. Инчунин ҳангоми норозӣ будан, мувофиқи талаботи моддаи 4-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Тоҷикистон, шахси манфиатдор ҳуқуқ  дорад ба суди иқтисодӣ барои ҳимояи ҳуқуқи вайронкардашуда ё мавриди баҳс қароргирифта ва манфиатҳои қонунинии худ муроҷиат намояд”.

Даъват аз расонаҳову рӯзноманигорон

Дар ҳамин ҳол соҳибкорон ба ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар пайи ин мушкилашон муроҷиат карда ва ҳато дар яке аз мактубҳояшон ба унвонии Додситонии вилояти Суғд ин амалкарди моликони "Суғдиён"-ро ҷиноят номидаву талаб кардаанд, ки чораи қонунӣ андешида шавад, аммо то кунун маълум нест, ки ин мақомот чӣ чораҷӯйӣ кардаанд.

Соҳибкорон ҳамчунин аз он нигаронанд, ки бетарафии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то ин замон онҳоро ба мунсифона ҳал шудани ин баҳс дар оянда дилсард кардааст.

Барои ҳамин онҳо аз рӯзноманигорон ва расонаҳо даъват кардаанд, ки дар идомаи баҳс дар мавриди ин муомилаҳо як таҳқиқи рӯзноманигории мунсифона бигузаронанд ва онҳо омодаанд, ки ҳамаи маълумоти доштаашонро дар ихтиёри онҳо қарор бидиҳанд. 

Дар маркази тиҷоратии Суғдиён беш аз 340 нуқтаҳои савдо мавҷуд аст. Бинои нави ин бозор чанд сол пеш бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ супурда шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...