Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Падари чоргоникҳо аз Рустами Эмомалӣ дархости хона кард. Аз ҳукумати Сино чизе нарӯйид

Далер Файзуллоев, сокини пойтахт, ки ҳамсараш Сарвиноз Аскароваи 34-сола рӯзи 15-уми декабр дар таваллудхонаи рақами 3-и пойтахт чоргоник таваллуд карда буд ба шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиат кардааст, то барои нигоҳубини фарзандон ба онҳо дар дарёфти манзил ёрӣ кунад.

Муроҷиати падари чоргоникҳо дар ҳолест, ки Далер рӯзи 28-уми декабр ба Вазорати тандурустӣ ва рӯзи 29-уми декабр ба ҳукумати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, барои  ба оилаи онҳо ёрӣ расонидан, расман, муроҷиат карда буд. 

Далер Файзуллоев ба «Азия-Плюс» гуфт, «ду ҳафта қабл ба дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе бо мактуби расмӣ  муроҷиат намудам ва дар дастгоҳ, гуфтанд, ки ҳатман бо мо тамос мегиранд. Ин муроҷтаи навбатиро дар ҳоле пешниҳод намудем, ки аз ҳукумати ноҳияи Синои пойтахт ба мактуби мо ягон посухи дақиқ дода нашуд. Ҳоло умед ба Рустами Эмомалӣ дорем. Мақсади асосии муроҷиати мо хона аст. Чун мо оилаи ҷавон иҷорашин ҳастем ва хонаи шахсии худро надорем ва якбора ба воя расонидани 5 фарзанд ва соҳиби хона шудан барои мо хеле мушкил аст», – гуфт-падари чоргоникҳо. 

Ин падари ҷавон инчунин илова кард, ки мунтазири посухи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аст ва дар сурати зарурат онҳо ба Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ ва худи президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат хоҳанд кард, ки оилаи ҷавони онҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ наравад. Ва  умед дорад, ки ҳукумати кишвар ин оилаи ҷавонро пуштибонӣ хоҳад кард.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




«Мо умед ва боварӣ дорем, ки соҳиби манзили шахсӣ мешавем ва ба ҳамин хотир муроҷиат мекунем. Маълум аст, ки нигоҳубини чор тифли навзод мушкил буда, эҳтиёҷ ва хароҷоти онҳо зиёд аст. Ба панҷ фарзанди хурдсол ҳатто маоши ман низ камӣ мекунад. Ҳоло қарз карда барои кӯдакони навзод маводи лозим ва шири сунъиро мехарам. Нафароне, ки иҷорашин ҳастанд бо чунин мушкилиҳо ошно ҳастанд. Ногуфта намонад, ҳоло модарам барои нигоҳубини кӯдакон ба ҳамсарам кӯмак мерасонанд ва мо умед дорем, ки ҳукумати кишвар моро дастгирӣ мекунад ва ин тифлакони мо дар оянда ба халқу миллат хидмат хоҳанд кард», – мегӯяд Далер Файзуллоев.

Дар суҳбати қаблӣ Далер ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки дар яке аз ширкатҳо дар Душанбе кор мекунад ва иҷоранишин аст. Ба гуфтаи худи ӯ дӯстону шиносон бо ӯ тамос гирифта гуфтаанд, ки ҳатман аз ҷониби ҳукумат оилаи ҷавони онҳо пуштибонӣ мешавад ва соҳиби манзили шахсии худ мегарданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Падари чоргоникҳо ҳам аз ҳукумати Сино ва вазорати тандурустӣ дархости хона кард

Вале ӯ гуфта буд, ки то ҳол аз ҷониби намояндагони ягон мақомот ё сохтор бо онҳо тамос нагирифтаанд. Бояд гуфт, ки рӯзи 15-уми декабр ин чоргоник ба василаи ҷарроҳӣ таваллуд шуда будан ва дар шуъбаи эҳёи таваллудхона  то чанд муддат зери назорати табибон қарор доштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20210201/shabol-mirzoev-sarboze-ki-5-sol-pesh-mayub-shuda-bud-darguzasht

 

Translations:

Related articles

spot_imgspot_img

Join us on social media!

Новости компаний

Новости компаний

Company News

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

LATEST NEWS

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...