Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи амалисозии стратегияи рушди маориф дар Тоҷикистон барои давраи солҳои 2021-2030 ба сохторҳои марбутаи пойтахт дастур дод, ки таъҷилан “харитаи роҳ”-и сохтмони мактабҳои нав ва кӯдакистонҳоро дар шаҳр таҳия намоянд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.
Бо супориши Рустами Эмомалӣ, ояндаи наздик барӯйхатгирии пурраи муассисаҳои томактабии тайи даҳсолаи ахир дар шаҳр бунёдгардида гузаронида шуда, вазъи ҳозира ва мақсаднок истифода шудани онҳо санҷида мешавад.
Ҳамчунин ҳолати пайвастшавии мактабу кӯдакистонҳо ба шабакаҳои барқу обрасонӣ, низоми гармидиҳӣ ва обу корез низ мавриди санҷиш қарор мегирад.
Рустами Эмомалӣ ҳамчунин дастур дод, ки талаботи пойтахт ба муассисаҳои махсуси томактабӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд таъҷилан санҷидаву омӯхта шавад.
Назорати иҷрои дастуру супоришҳои мазкур ба зиммаи Сарраёсати маорифи пойтахт, муовинони раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳои пойтахт вогузор шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.