Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон Баҳодур Шерализода имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки барои амалисозии Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои кишвар дар маҷмӯъ 25 млн 367 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.
Барномаи мазкур ҳанӯз соли 2019 қабул шуда, ҷараёни амалисозиаш то соли 2030 пешбинӣ гардидааст.
Дар доираи он соли 2014 Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуд, ки айни замон ба таври мукаммал фаъолият дорад. Мутахассисони Марказ баргузории як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла корҳои омӯзиши пиряхи Федченко ва дигар пиряхҳои бузурги кишварро ба нақша гирифтаанд.
Тоҷикистон соли гузашта ба Низоми ягонаи глобалии мониторинг (пайгирӣ)-и пиряхҳо дохил шуд. Айни замон корҳои ҳисоби шумори дақиқи пиряхҳо ва омӯзиши вазъи онҳо ҷараён доранд.
Давоми солҳои 2019 ва 2020 бо ин мақсад зиёда аз 20 экпедитсияҳо ба пиряхҳо гузаронида шуд.
Қаблан зикр гардида буд, ки барои лоиҳаи омӯзиши пиряхҳо Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон 10 млн доллар грант додааст. Грант дар доираи амалисозии лоиҳаи миллӣ оид ба идоракунии хавфҳои офати табиӣ ҷудо мешавад.
Бо анҷоми ҳисоби пиряхҳо ва омӯзиши вазъи онҳо Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 12 боб феҳрист (каталог)-и пиряхҳои Тоҷикистонро ба нашр мерасонад.
Тибқи маълумоти ахир, аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа ҳаётан муҳиманд, тайи 30 соли охир беш аз 1 ҳазорашон аз байн рафтаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.