Масоили афзоиши интиқоли барқ ва содироти мустақилонаи он чандин маротиба дар сатҳҳои гуногун ба миён гузошта шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз неругоҳи “Сангтӯда-1”.
Аз ҷумла масоили мазкур дар ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ шуданд.
Дар ширкат қайд карданд, ки мувофиқи созишномаи байниҳукуматӣ ва шартҳои иштироки ҳиссавии Русия дар сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”, инчунин созишномаи байниҳукуматӣ оид ба истифодабарии ин неругоҳ, ширкат ба фурӯш ва содирот тибқи шартномаҳои мустақим ва мустақилона ҳуқуқ дорад.
Таъкид шуд, ки дар имзои қарордод бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, инчунин ШСХК "Барқи тоҷик" манфиатдоранд, лекин то ҳол аз ин ҳуқуқҳо истифода бурда наметавонанд.
“Ин натанҳо ба беҳбуди нишондиҳандаҳои молиявии ширкат ба манфиати саҳҳомони он (ҳам аз ҷониб Русия ва ҳам Тоҷикистон), балки ба зиёдшавии воридоти маблағ ба Буҷети давлатии ҷумҳуриявӣ имкон медиҳад”, – чунин мешуморанд дар нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”.
Ягона харидори барқи неругоҳи “Сангтӯда-1” ширкати “Барқи тоҷик” мебошад, ки интиқол, тақсимот ва фурӯши онро ба истеъмолгарон таъмин мекунад.
Мувофиқи қарордоди байни тарафҳо имзошуда дар бораи хариду фурӯш, ҳаҷми солонаи интиқоли барқ бояд 2,7 млрд кВт/соатро ташкил диҳад. Амалан бошад, “Барқи тоҷик” 1,6 млрд – 2,3 млрд кВт/соат неруи барқ қабул мекунад. Сарбории неругоҳро дар мавсими тобистону зимистон “Барқи тоҷик” муайян мекунад.
То аввали соли равон ширкат ба неругоҳи “Сангтӯда-1” ҳудуди 1,6 млрд сомонӣ (зиёда аз 140 млн доллар) қарздор шуд.
Сатҳи миёнаи пардохт ба аввали семоҳаи охири соли гузашта (бо назардошти ҳисоббаробаркуниҳо) аз 44% аз арзиши барқи интиқолёфта зиёд набуд.
ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳиссаи ширкатҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии ҶСК “НБО Сангтӯда-1” – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст.
Иқтидори насбшудаи “Сангтӯда-1” 670 МВт-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми миёнаи истеҳсоли шабонарӯзии нерӯи барқ дар “Сангтӯда-1” ба ҳудуди 8,4 млн кВт/соат баробар аст.
Неругоҳи “Сангтӯда-1” дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, 110 километрии чануби Душанбе воқеъ буда, ҳиссааш дар ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ ба наздики 11% баробар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.