Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки як ҷавони 21 сола бо гумони содир намудани зиёда аз 13-ҳолати ҷинояти дуздӣ боздошт шуда, алайҳи ӯ бо моддаи 244 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Чуноне пешбурди корҳои тафтишотӣ ва пурсиши гумонбар муайян намудааст, номбурда асосан шабона бо роҳи шикастани шишаҳои паҳлуии автомашинаҳо ҳадафу мақсадҳои худро амалӣ намуда, маблағҳои пулӣ ва дигар ашёҳои арзишмандро аз дохили автомашинаҳо тасарруф ва аз они худ мекардааст.
Аз дастгиршуда Меҳроби Дилшод, соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандаи деҳаи Корези шаҳри Кӯлоб, ки қаблан ду маротиба барои содир намудани ҷинояти дуздӣ суд шудааст, ном бурда мешавад.
Ин ҷавон шаби 31 декабр ба 1 январи соли ҷорӣ дар кӯчаи Зарнисори ноҳияи Фирдавсӣ ба воситаи санг шишаи паҳлуи 8-автомашинаро шикаста, ба соҳибони автомашинаҳо зарари калони молӣ расонидааст.
«Чунончи, ба воситаи санг шишаи паҳлуи автомашинаи тамғаи «Мазда», ки ба шаҳрванд Давлатова Назира тааллуқ дорад, шикаста, аз дохилаш як қатор ашёҳои арзишмандро рабудааст, ки бо ин кирдораш ба ҷабрдида ба маблағи зиёда аз 5500 сомонӣ зарар расонидааст. Ба ин монанд зимни пешбурди чораҳои тафтишотӣ якчанд далелҳои дигар низ тасдиқи худро ёфтаанд, ки аз ҷониби дастгиршуда содир гардидаанд»,-менависад маркази матуботии РВКД дар шаҳри Душанбе.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.