spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Пандемия ба бахши боркашонии Тоҷикистон 300 млн сомонӣ зарар расонид

Пандемияи коронавирус, ки бар асари он боркашонӣ ва мусофиркашонии байнулмилалӣ қатъ ё боздошта шуд, ба ҷумҳурӣ ба маблағи 300 млн сомонӣ зарар расонид.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон изҳор намуд, ки ҳаҷми зиён танҳо дар боркашонӣ тариқи автомобил ба беш аз 272 млн сомонӣ расида, боқимонда 28,9 млн сомонии зарар ба соҳаи мусофиркашонӣ тариқи роҳи оҳан рост меояд.

“Коронавирусро касе интизор набуд ва албатта, он ба ҳама кишварҳо, ҳатто давлатҳои дорои имконоти бузурги иқтисодӣ зарари зиёд расонид. Барои кишвари мо ҳам дар ҳамлу нақли бору маҳсулот мушкилоти муайяне вуҷуд дошт, бахусус боркашонии байнулмилалӣ”, – гуфт ӯ.

Дар баробари ин вазир афзоиши ҳаҷми боркашониро дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” қайд кард. Соли 2020 ин корхона 6,3 млн тонна бор кашонидааст, ки 5,8 млн тоннаи он ба ҳамлу нақли байнулмилалӣ рост меояд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Роҳиоҳанчиёни тоҷик дар боркашонии содиротӣ ба Русия имтиёз дархост карданд

Ба гуфтаи вазир, ҳамаи қатораҳое, ки ба Тоҷикистон меоянд, барои роҳ надодани вуруди коронавирус ба кишвар коркарду поккорӣ мешаванд.

Азим Иброҳим қайд кард, ки дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон айни замон ба маблағи умумии 618,5 млн доллар бо қарз ва созишномаҳои грантӣ 10 лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди амалишавӣ қарор дорад.

“Ва 510 млн доллар тибқи созишномаҳои имзошуда бо шумули гранту кумаки техникӣ дар ҳаҷми 203,8 млн доллар (32,9%), қарзи хориҷӣ ба маблағи 351 млн доллар (56,8%) ва саҳми ҳукумат ба маблағи 63,6 млн доллар (10,3%)”, – изҳор дошт Азим Иброҳим.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...