Масоили андозбандӣ бештар мушкилтар барои бахши хусусӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонанд.
Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба арзёбии низоми экологӣ ва иҷтимоӣ қайд мешавад, ки бар асари суст будани маъмурикунонии андоз, сарбории андозбандӣ дар шакли номутаносиб ба дӯши шумори начандон зиёди ширкатҳои расмӣ афтода, ба ширкатҳои хурд ва истеҳсолкунандагон дар анҷоми расмиёти тиҷорат монеъа эҷод месозад ва имконоти рушди онҳоро маҳдуд мекунад.
Таъкид мешавад, ки дар давраи аз соли 2012 то 2019 теъдоди андозсупорандагони амалкунанда ба таври назаррас афзуд: шумори умумии андозсупорандагони фаъол ба андозаи 88,5% ва пардохтгарони андоз аз фоидаи корхонаҳо – 114%.
Дар гузориш зикр мегардад, ки ҳиссаи бештари воридоти маблағ аз пардохти андоз ба андоз аз арзиши иловашуда (ААИ), андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андоз аз фоидаи корхонаҳо рост меояд.
Кормандони Бонки ҷаҳонӣ аз андозсупорандагон дархост намудаанд, ки шарҳу пешниҳодҳои худро дар ҳисобот бо ин суроға гузоранд.
Мувофиқи маълумоти тайи 10 соли охир (солҳои 2010-2020), андозҳо ба ҳисоби миёна 68%-и даромади буҷетро ташкил медиҳанд. Дар сохтори воридоти маблағ аз пардохти андозҳо се навъи андозҳо бартарият доранд: ААИ (44% аз ҳаҷми умумии андозҳо), андоз аз даромад – 14% ва андози иҷтимоӣ – 12%.
Дар лоиҳаи таҳияшудаи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 ҳаҷми даромадҳо аз андоз ба маблағи 18,8 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта 890 млн сомонӣ зиёдтар мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.