spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Оҷонсии маводи нашъовар: хариду фурӯши маводи мухаддир тавассути интернет нигаронкунанда аст

Оҷонсии назорати маводи нашъовар аз раҳ ёфтани хариду фурӯши маводи мухаддир ба интернет нигаронии шадид мекунад.  Мудири Оҷонсӣ Ҳабибулло Воҳидзода мегӯяд, ки ин яке аз роҳҳои нави гардиши ғайриқонунӣ ё хариду фурӯши маводи нашъовар аст, ки моро нигарон кардааст. 

"Дар соли 2020 дар Тоҷикистон ҳамаги як ҳолати хариду фурӯши маводи нашъовар тавассути интернет ошкор шудааст, аммо ин мавзъу яке аз масъалаҳои ташвишовар мебошад. Дар кишварҳои ҳамсояи мо ин зиёд аст  ва чун тиҷорати электронӣ рӯз то рӯз рушд карда истодааст, эҳтимол дорад ин бахш ҳам зиёд шавад.  Барои ҳамин мо омодагии худро барои пешгирии ин корҳо дида истодаем", – гуфт дар нишасти хабарӣ Воҳидзода. 

Ҳабибулло Воҳидзода гуфт, ки онҳоро зиёд шуднаи маводи равонгардони маснуъӣ (психотропии синтетекӣ) нигарон кардааст. Ҳарчанд дар соли 2020 мусодираи маводи  нашъовар аз рӯйи миқдор кам шуда бошад ҳам, лек мусодираи моддаҳои психотропии синтетикӣ, ки ба инсон зиёни бештар дорад, 15 кг-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 9 кг ё 2,5 маротиба зиёд аст, гуфт мудири оҷонсӣ.

Пештар сару садоҳое расонаӣ шуда буд, ки гуруҳҳои махсусе ҳастанд, ки маводи равонгардони маснуъиро ба Тоҷикистон ворид мекунанд. Аммо Воҳидзода дар нишасти хабарӣ аз вуҷуди ин гуна гуруҳо дар Тоҷикистон гуфт, аммо аз гуруҳҳои мушаххасе ном набурд ва ному насбаи касонеро ҳам, ки ба ин кор сару кор мегиранд расонаӣ накард. 

"Ин мавод ҳама аз хориҷи кишвар  ворид карда мешавад. Зеро ин моддаҳо дар Тоҷикистон коркарду истеҳсол намешаванд. Дар Тоҷикистон озмоишгоҳи истеҳсоли ин гуна мавод вуҷуд надорад. Мо гуруҳҳову нафаронеро, ки ба ин чиз сару кор доштан дастгир кардаем ва ҳамчунин дар сам боз кор карда истодаем".

Ба гуфтаи ин ниҳод дар Тоҷикистон шумораи нашъамандоне, ки расман сабти ном шудаанд коҳиш ёфтааст. Ҳамагӣ 5099 нафар номнавис шудааст, ки 276 нафар камтар аз соли 2019 будааст. Бино ба ҳисоби ин ниҳод бар сари ҳар 100 ҳазор аҳолӣ 55 нашъаманд рост меомадаст, ки дар қиёс бо кишварҳои дигар  нишондиҳандаи хеле паст будааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...