Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки мутахассисони озмоишгоҳҳои онҳо дар соли 2020 84 тонну 919 кг маҳсулоти гӯштиро нобуд карданд, аммо то кунун дар гӯшти воридотӣ ба Тоҷикистон бемории ҳамагири коронавирус ошкор нашудааст. Ин нуктаро Муҳаммадсаид Файзуллозода раиси кумита дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди сару садои мавҷудияти COVID 19 дар гӯшт, изҳор кард.
Ба гуфтаи Муҳаммадсаид Файзуллозода, дар 36 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадие ки дар кишвар вуҷуд дорад, ҳамаи он маҳсулоти гуштие, ки ба кишвар ворид мешавад зери ташхис қарор мегирад, аммо то имрӯз ягон ҳолате, ки дар маҳсулоти гуштӣ COVID-19 ошкор шуда бошад, нест.
Ба гуфтаи масъулони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ бештари миқдори гӯште, ки нобуд карда шудааст ба бемории ангалӣ (паразитӣ) рабт доштааст.
“Дар соли 2020, Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар ҳайвонот 7342 ҳодисаи бемории ангалӣ (паразитӣ) муайян кард, ки истеъмоли 26 ҳазор 248 кг гушти узвҳои дохилии ҳайвонот, аз қабили дил, гурда, шуш, ҷигарро манъ карда, онҳо забт ва нобуд карда шуданд”-, гуфт Муҳаммадсаид Файзуллозода.
Дар маҷмуъ, дар соли 2020 аз сӯйи мутахассисони озмоишгоҳҳои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ маҳсулоти бе сифат, аз ҷумла 58 671, 7 кг маҳсулоти гӯштӣ, 12 167,3 литр маҳсулоти ширӣ, 1368,0 литр равғани растанӣ, 24 251 дона тухми паранда 938,9, 2 кг моҳӣ, 680,5 кг асал ҳамчун маҳсулоти пастсифати барои саломатӣ хавфнок муайян ва аз фӯруш боздошт гардида, нобуд карда шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.