Дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав таъсис меёбад. Дар ин бора зимни ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ қарор қабул карда шуд.
Бино ба иттилои маркази иттилоот ва таҳлили Донишгоҳ, ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ таҳти раёсати ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло баргузор шуда, дар доираи он панҷ масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, дар кори Шӯро масъалаи зарурият ва аҳамияти таъсиси Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав дар назди донишгоҳ баррасӣ гардид.
Зикр мешавад, ки Марказ бо дарназардошти рушди устувори расонаҳои хабарӣ, ки бо суръати баланд бар пояи технологияҳои иттилоотӣ амалӣ мешаванд ва дар ин замина халалдор шудани таносуби тарбияю омода кардани кадрҳои ҳирфаии журналистии муосир, камбуди онҳо дар бозори ВАО ва адами мавҷудияти пажӯҳишҳои илмӣ дар соҳаи рӯзноманигории рақамӣ ва расонаҳои нав дар назди донишгоҳ таъсис меёбад.
Гуфта мешавад, Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав ҷиҳати ташкилу пешбурди маркази илмӣ-таълимӣ, ки ба даъватҳои муосир дар соҳаи журналистика ҷавобгӯй хоҳад буд, заминаи мусоид фароҳам меорад.
Интизор меравад, ки дар Марказ ҳамчун лабораторияи илмии эҷодии донишҷӯён (на фақат шуъбаи журналистика) лоиҳаҳои инноватсионӣ таҳия ва татбиқ карда мешаванд ва он ба майдони таҷрибаи истеҳсоли расонаӣ, ба хотири озмоиш ва пешбурди технологияҳои ояндадор, эҷод, таҳия ва пешбурди муҳтавои расонаии чандбунсоза (мультиплатформенный контент), таҳия ва пешбурди шакл ва қолабҳои нави муҳтавои расонаӣ мубаддал гардад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.