Бар асари кандашавии пирях дар Ҳимолой, ки сарбандро рахна карда, ба обхезӣ дар музофот (штат)-ии Уттаракханд дар шимоли Ҳиндустон боис гардид, 125 нафар бедарак шуданд. Ҳарчанд сокинони деҳаи дар водии зериобмонда ба ҷой бехавф кӯчонида шуда бошанд ҳам, макони будубоши ҳадди ақал 125 кас номаълум аст, огоҳ кардааст сарвазир Тривендра Сингх Рават, иттилоъ медиҳад хабаргузории ВВС.
Мансабдор гуфтааст, наҷотбахшон то ҳол ҷасадҳои 7 нафарро пайдо карда, корҳо дар минтақаи офат идома доранд. Ба корҳои наҷотдиҳӣ садҳо нафар бо шумули воҳидҳои пулис, артиш ва чархболҳои низомӣ сафарбар шудаанд.
“Ҳамааш хеле зуд рух дод, фурсате набуд, ки ба ҷойе дар ин бора хабар диҳем”, – гуфтааст ба хабаргузории Рейтер сокини маҳаллии назди минтақаи зериобмонда Санҷай Сингх Рана.
Пирях аз кӯҳи Нандадеви, дуюмини қуллаи баландтарин дар Ҳиндустон ва шомил ба низоми кӯҳии Ҳимолой канда шуда, ба сарбанди ду неругоҳи барқи обии мавриди сохтмон қарордошта зарба мезанад.
Тавре аз кадрҳо бармеояд, яке аз сарбандҳо рахна шудааст. Аксарияти бедаракшудагон коргарони машғули сохтмондар ин неругоҳҳоянд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.