Инқилоби иттилоотии солҳои охир, ки бо рушди бесобиқаи шабакаҳои иттилоотии трансмиллӣ ва пайдоиши интернет таҳрик ёфтааст, ба халалдор гардидани фазои фарҳангӣ ва арзишҳои суннатии давлатҳо ва миллатҳои гуногуни ҷаҳон оварда расонид.
Дар ҷараёни кори семинар-машварат дар Душанбе раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар ин хусус изҳори назар кард.
Тавре нашрияи парлумонии “Садои мардум” хабар медиҳад, семинар таҳти унвони «Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, нақши он дар ҷомеаи муосир» бо ташаббуси фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ, Фаттоҳзода гуфтааст, ҳоло маҳфумҳои наве ба монанди «ҷанги иттилоотӣ» ва «таҳмили ақоиду ҷаҳоншиносии сунъӣ» арзи вуҷуд намудаанд, ки ҳадафи бо роҳи ташкили инқилобҳои ранга, роҳандозии нигилизми сиёсӣ ва ташкили низоъҳои нарм дар байни омма ба даст гирифтани қудратро доранд.
“Бо рушди технологияи иттилоотӣ дар кишвар солҳои охир имконоти нав барои таъсиси воситаҳои иттилоотии хусусӣ ва гурӯҳӣ пайдо шуда, бахши иттилоот дар ҷомеа ба воситаи қудратманди таъсиррасонӣ ва ташаккули маърифати ҷамъиятӣ табдил меёбад”, – иброз доштааст вакил.
Ӯ илова намудааст, ки дар ин замина журналистика ба сифати муҳимтарин сарчашмаи иттилоот ба яке аз рукнҳои асосии системаи сиёсии давлат ва воситаҳои муҳими идоракунии он, ташаккули маърифати ҷомеа ва афкори омма табдил мегардад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.