Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар иҷлосияи 16-уми Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММ МО ҶТ) даъвати саввум ба Қонуни ҶТ «Дар бораи шаҳрвандии Тоҷикистон» тағйирот ворид карда шуд.
Раиси Кумита оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони ММ МО ҶТ Маҳкам Маҳмудов иброз дошт, ки дар сурати қабул гардидани тағйирот, президент ҳуқуқи ба шаҳрвандони кишварҳои дигар додани унвони «Шаҳрванди ифтихории Тоҷикистон»-ро пайдо менамояд ва
кӯдаконе, ки аз никоҳи шаҳрвандони хоричӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба дунё омадаанд ё кӯдакони шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар таваллуд шудаанд, ҳуқуқи гирифтани шаҳрванди Тоҷикистонро пайдо мекунанд.
Мавсуф зикр кард, ки мувофиқи тағйироти пешниҳодшуда, ҳамчунин дар сурати тағйир ёфтани қаламрави сарҳади давлатӣ, ба
шаҳрвандони маҳаллаҳои аҳолинишини он ҳуқуқ дода мешавад, ки мустақилона шаҳрвандии ин ё он кишварро интихоб намоянд.