Шарофиддин Имом сафири пешини Тоҷикистон дар Афғонистон ва яке аз донишмандони Тоҷикистон субҳи имрӯз бар асари беморие, ки дошт дар сини 65-солагӣ даргузашт. Дар ин бора яке аз наздикони эшон ба "Азия-Плюс" хабар дод. Гуфта мешавад, маросими намози ҷанозаи эшон соати 16.00-и имрӯз дар масҷиди маҳаллаи 65 (пушти Калисои масеҳиён) баргузор мешавад.
Шарофиддин Имом аз октябри соли 2008 то сентябри соли 2020 сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон буд, ки яке аз дарозтарин маъмуриятҳои дипломатӣ гуфта мешавад.
Шарофиддин Имом ҳамчунин яке аз донишмандони саршиноси Тоҷикистон буд, ки то расидан ба маъмуриятҳои дипломатӣ устоди равобити байналмилал дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Профессор Шарофиддин Имом яке аз муассисони ҳаракати равшанфикрони Тоҷикистон "Растохез" дар поёни ҳукумати Шӯравӣ ва оғози истиқлоли Тоҷикистон буд ва барои эҳёи фикри миллӣ ва худшиносии тоҷикон талошҳои зиёде ба харҷ додааст.
Шарофиддин Имом аз август то декабри 2003 мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва аз поёни соли 2003 то соли 2008 мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури сиёсати хориҷӣ буд.
Ҳамчунин Шарофиддин Имом муассиси Анҷумани донишмандони афғонистоншиноси Тоҷикистон дар миёнаҳои солҳои 90-уми асри гузашта буд, ки ин анҷуман он замон 70 донишманди ин риштаро гирди ҳам оварда буд.
Шарофиддин Имом Зуҳуриддинзода, соли 1956 дар деҳаи Файзобод, ноҳияи Мирсайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шуда буд. Шарқшинос, коршиноси равобити байналмилал, доктори илмҳои таърих ва профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Соли 1978 факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда буд ва ба унвони муҳаққи-коромӯзи шъъбаи Эрону Афғонистони Институти шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон, аспиранти Институти шарқшиносии АИ Шӯравӣ ходими илмии Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон, тарҷумони шӯравӣ дар Афғонистон, устод ва мудири кафедраи равобити байналмилали ДМТ буд.
Эшон таълифоти фаровоне дар риштаи таърих, равобити байнулмилал ва тоҷикони Афғонистон доштанд. Муаллифи чанд рисола, дастури таълимӣ ва тақрибан 100 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ буд. Самти асосии таҳқиқоти эшон омӯзиши таърихи афкори ҷамъиятии Афғонистон нимаи дуввуми ХIХ-нимаи якуми асри ХХ; таҳқиқи сарнавишти таърихии тоҷикони Афғонистон; омӯзиши масъалаҳои таърихи муосири Тоҷикистон. Шарофуддин Имом дар таҳия ва нашри осори мутафаккирони Шарқ (Муҳаммад Ғаззолӣ, Ҷамолуддини Афғонӣ, Муҳаммад Иқбол, Алии Шариатӣ) ва «Силсилаи осори исломӣ» саҳм дорад.
Дар даврони сафораташон дар Афғонистон маводу маълумоти фаровоне гирд оварда буданд, ки ҷиддан ба таҳқиқ ва баррасии онҳон машғул буд.
Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" даргузашти ин донишманди фарзона, дипломати муваффақ ва ходими давлатиро барои ҷомеаи илмиву огоҳи Тоҷикистон ва хонаводаву наздикони эшон тасалият арз мекунад ва ба пайвандонаш сабру шикебойӣ мехоҳад.