Размикори тоҷик ММА Фаридун Одилов варзишгари рус Сергей Калининро мағлуб карда, ба камарбанди қаҳрамони Лигаи EFС дар вазни миёна соҳиб шуд. Муҳорибаҳои мусобиқа дар шабакаи телевизиони “Матч ТВ” намоиш дода шуд.
Мусобиқаи EFС 33 дар Маскав таҳти сарпарастии Ҳабиб Нурмагомедов доир гадида, аз ду муҳориба барои ба даст овардани унвон, ки якеаш бо иштироки Фаридун Одилов буд ва 13 муҳорибаи касбӣ иборат буд.
Пас аз анҷоми муҳориба Фаридун дар навбати аввал ба Ҳабиб Нурмагомедов барои имкон додан ба иштирок дар муҳориба изҳори миннатдорӣ намуда, сипас назди ҳарифаш Сергей Калинин омад ва самимона дасти ӯро фишурд.
Дар идома ӯ ба мухлисони худ муроҷиат намуда, онҳо ва тамоми Тоҷикистонро бо пирӯзӣ табрик кард.
Ҳабиб Нурмагомедов қайд кард, ки тоҷикон хеле самимона барои ММА мухлисӣ мекунанд ва ваъда дод, ки моҳи августи соли 2021 дар Душанбе ба ин монанд мусобиқа баргузор мекунад.
Ҳамчунин ӯ ба қаҳрамони ин шом – Фаридун Одилов барору комёбӣ ва бори дигар ҳимоя аз унвонро орзу кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.