Корхонаҳои саноатии Хуҷанд дар соли 2020 ба маблағи 1 млрд 492 млн сомонӣ ё худ ба андозаи 15,2% нисбат ба соли 2019 маҳсулот истеҳсол карданд.
Зимни нишасти хабарии рӯзи 9 феврал иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода изҳор дошт, ки соли гузашта дар соҳаи саноат 17 корхонаи нави хурду миёна таъсис дода шуда, шумори умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 165 адад расид.
“Мутаассифона, дар баробари ин соли гузашта бо сабабҳои объективӣ 14 корхона кор накарданд, – қайд кард ӯ. – Мо аз ҳисоби мутахассисн гурӯҳи корӣ ташкил кардем, то ки сабабҳои аз фаъолият бозмондани онҳоро ошкор ва таҳлил намуда, имсол ин мушкилот бартараф ва фаъолияташон барқарор карда шавад”.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор додани боз 14 корхонаи нави истеҳсолӣ дар Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.