Бонкҳои мушкилдори Тоҷикистон, ки дутоашон дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд, аллакай панҷ сол инҷониб бо собиқ мизоҷони худ ҳисоббаробарӣ карда наметавонанд.
Қарзи умумии ин бонкҳо назди саҳҳомон айни замон аз 1 млрд сомонӣ (ҳудуди 90 млн доллар) зиёдтар аст.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни нишасти хабарии рӯзи 10 феврал дар ин робита изҳор намуд, ки ин бонкҳо амволи худро фурӯхта наметавонанд, то ки пурра пули амонатгузоронро баргардонанд.
Ӯ қайд кард, ки то ин дам қарзи пардохтнашудаи “Агроинвестбонк” ҳудуди 662 млн сомонӣ, “Тоҷиксодиротбонк” – 344 млн сомонӣ, “Тоҷпромбонк” – 50 млн сомонӣ ва “Фононбонк” – 5 млн сомониро ташкил медиҳад.
Иҷозатномаи ду бонки охирро Бонки миллӣ ҳанӯз моҳи феврали соли 2017 бозхонда, тӯли чор соли сипаришуда, “Тоҷпромбонк” зиёда аз 70% ва “Фононбонк” – зиёда аз 90%-и пули собиқ мизоҷонашонро баргардонидаанд.
Бонкҳои бо кумаки молиявии ҳукумат аз муфлисшавии ногузир наҷотёфта – “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” мутаносибан 50% ва 70%-и қарзҳои худро пардохт намуданд.
Ёдрас мекунем, ки охири соли 2016 ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати дастгирии ин бонкҳо зиёда аз 3,3 млрд сомонӣ ба онҳо маблағгузорӣ кард.
Ин кумакро дар Бонки миллӣ бо он асоснок карданд, ки барҳамдиҳии ин бонкҳои замоне низомсоз ба оқибатҳои вазнин барои иқтисод боис шуда метавонад.
Дар ҳамин ҳол, Хазинаи байнулмилалии асъор аз рӯйи натиҷаи қариб ҳамаи сафарҳояш тавсия медиҳад, ки “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” барҳам дода шаванд.
Ба ин тариқ, аз рӯйи натиҷаҳои сафар дар моҳи сентябри соли 2020 намояндагони Хазина бори навбатӣ тавсия доданд, ки ин бонкҳо барҳам дода шаванд.
Аммо дар Бонки миллӣ бар ин назаранд, ки бонкҳои мазкур бояд фаъолият кунанд, то ки тадриҷан пулҳои мардумро баргардонанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.