spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Суғд: “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк” 200 миллион сомони дигари мардумро надодаанд

“Агроинвестбонк” 161 миллиону 346 ҳазор сомонӣ ва “Тоҷиксодиротбонк”  37,8 миллион сомонӣ аз мизоҷонашон  дар вилояти Суғд аз пасандоз қарздоранд. Ин нуктаро Наврӯз Валиев, мудири шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт.

Ба гуфтаи вай, то 1-уми январи соли 2021 пасандози 7211 нафар дар “Агроинвестбонк” ва 1225 нафар дар “Тоҷиксодиротбонк” боқӣ мондааст, ки бояд ин бонкҳо онро баргардонанд.

Наврӯз Валиев мегӯяд,давоми соли 2020 “Агроинвестбонк” пасандози 1465 нафар мизоҷашро ба маблағи 4 миллиону 797 ҳазор сомонӣ ва “Тоҷиксодиротбонк” пасандози 3 миллиону 196 ҳазор сомонии 263 нафарро ба пуррагӣ додааст.

Валиев мегӯяд,барои баргардонидани пасандози мизоҷони ин ду бонк корҳои зиёдеро анҷом дода истодаанд.

“Тоҷиксодиротбонк ҳоло аз як кас қарз гирифта  ба каси дигар дода истодааст. Роҳбарияти бонк ба тамом кӯшиш карда истодааст ҳамон қарзҳое, ки додааст онҳоро баргардонаду бо мардум ҳисобу китоб кунад. Ғайр аз ин амволе, ки ба гарав гирифта буданд онҳоро фурӯхта истодаанд. “Агроинвестбонк” низ аз ҳисоби баргардонидани қарзҳо, фурӯши амвол ва аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки даромад меорад масъулиятҳояшро иҷро карда истодааст”.

Шурӯъ аз соли 2015 ду бонки бузурги Тоҷикистон – “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк” ба мушкили молӣ рӯбарӯ шудаанд. Феълан гуфта мешавад филиалҳои “Агроинвестбонк” дар 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд амал мекунад ва 1454 нафар аз ин бонк 59,3 миллион сомонӣ қарздоранд. Соли гузашта аз 1889 нафар, ки дар рӯйихати қарздорон буданд 435 нафарашон бо пардохти 4 миллиону 907 ҳазор сомонӣ пурра аз қарзи “Агроинвестбонк” халос шуданд.

Қарзҳо бо пули нақд ва ё бо гирифтани амвол рӯйпӯш карда шудааст. Наврӯз Валиев мегӯяд, қисми зиёди қарзҳое, ки “Агроинвестбонк” додааст  ва ё қисми зиёди пасандозҳое, ки ҷамъ кардааст бо асъори хориҷӣ сурат гирифтааст. Аз ҳамин ҳисоб қурби асъори хориҷӣ, ки ба таври бесобиқа сол аз сол боло меравад ӯҳдадории бонк низ рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бонкҳои мушкилдор то ҳол беш аз $90 млн пули мардумро барнагардонидаанд

Ҳоло қарзи чор бонки дучори мушкили Тоҷикистон бо шумули “Тоҷпромбонк”-у “Фононбонк” аз пасандозгузорон аз 1 млрд сомонӣ (ҳудуди 90 млн доллар) зиёдтар аст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни нишасти хабарии рӯзи 10 феврал дар ин робита изҳор намуд, ки ин бонкҳо амволи худро фурӯхта наметавонанд, то ки пурра пули амонатгузоронро баргардонанд.

Ӯ гуфт, ки то ин дам қарзи пардохтнашудаи “Агроинвестбонк” ҳудуди 662 млн сомонӣ, “Тоҷиксодиротбонк” – 344 млн сомонӣ, “Тоҷпромбонк” – 50 млн сомонӣ ва “Фононбонк” – 5 млн сомониро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...