Ҳодисаи садамаи нақлиёт рӯзи 10 феврал дар роҳи байни ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ ва Ҷайҳун, дар қаламрави деҳаи Ваҳдати миллӣ рух дод.
Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, автомашинаи тамғаи “Тойота” бо автомашнаи “Опел Вектра” бархӯрда, мошинҳо ба роҳи пиёдагард мебароянд ва кӯдаконеро, ки аз мактаб бармегаштанд, пахш мекунанд.
Гуфта мешавад, дар натиҷа хонандаи синфи дуюми мактаби маҳаллӣ Майрам Қаландарзода аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, се нафар ҳамсинофони ӯ дар беморхона бистрӣ шудаанд.
Вазъи солимии яке аз ноболиғони бистаришударо табибон вазнин арзёбӣ мекунанд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.