Соли 2020 ҳаҷми зарари расида аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 59 млн сомониро ташкил дод, хабар дод ба рӯзноманигорон зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Рустам Назарзода.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми зиён аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон сол то сол мунтазам кам мешавад.
Рустам Назарзода дар ин робита изҳор дошт, ки агар аввали аср зарар аз офатҳои табиӣ даҳҳо миллион доллар ҳисоб мешуд, пас давоми чор соли охир ин маблағ ҳамасола аз 2-4 млн доллар зиёдтар нест.
“Ин натиҷаи кори ҳукумати Тоҷикистон дар бахши огоҳии саривақтӣ ва пешгирии офатҳои табиӣ, инчунин беҳбуди сатҳи худогоҳии аҳолии кишвар аст”, – қайд кард ӯ.
Раиси Кумита қайд кард, ки соли гузашта бар асари ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон 8 нафар, аз ҷумла 4 нафар дар натиҷаи селфароӣ ва 2 кас – аз зарбаи оташак (чароғак, молния) ва фаромадани тарма ҳалок шуданд.
Соли 2020 дар дарёву обанборҳои ҷумҳурӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ 107 нафар ғарқ шуданд, ки 34 нафар камтар аз соли 2019 аст. Дар ин давра 55 кас аз ҷониби кормандони Кумита аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд.
Соли гузашта дар кишвар ба сурати умум 231 ҳодисаи ҳолати фавқулодда ба қайд гирифта шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.