spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Пешгирӣ аз вуруди 200 тон равғане, ки инсонро саратону “инсулт” мекунад

Намояндагии оҷонсии "Тоҷикстандарт" дар вилояти Суғд мегӯяд, ки охири соли 2019 ва соли гузашта ин ниҳод аз воридоти беш аз 200 тонна равғани палма ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардааст. Дар Тоҷикистон ба далели ба саломатии инсон зараровар будани равғани палма чанд соли ахир воридот ва фурӯши он манъ карда шудааст.

Маҳмадӣ Давлатов, директори маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд имрӯз, 11-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт онҳо дар роҳи оҳан аз ворид шудани ин миқдор равғани палма ба бозорҳои кишвар ҷилавгирӣ кардаанд. Ӯ гуфт соли 2020 низ дар шимоли Тоҷикистон аз анбори як корхона 1880 литр чунин намуди равғанро дарёфт карданд, ки тариқи қочоқ аз Ӯзбекистон ворид шудааст.  

“Бори аввал дар таърихи “Тоҷикстандарт” ду маротиба маҳсулотҳои воридшуда дар асоси талаботи қонунҳои Тоҷикистон аз қаламрави кишвар бозсодирот (реэкспорт) шуд. Ҳамин 200 тонна равғани палма, ки бозсодирот кардем, аз Малайзия ворид шуда буд. Беш аз 130 тоннаи равғани палмаро ба давлати истеҳсолкунанда бозпас фиристодем, ки маълум нест ба Қазоқистон ё Қирғизистон рафт. Аммо боқимондаи он бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бозсодирот шуд”. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маҳмадӣ Давлатов

Равғани палма, ки солҳои ахир ба сифати равғани маҳсулоти хӯрокӣ фаровон истифода мешавад, ба саломатии инсон зараровар дониста шуда, истеъмоли он дар чанде аз кишварҳо манъ карда шудааст. 

Сардори озмоишгоҳи маҳсулотҳои хӯроквории маркази ин оҷонсӣ дар вилояти Суғд Равшан Бақоев мегӯяд, ки истеъмоли равғани палма ба саломатӣ басо хатарзо аст ва дар ниҳоят инсонро дучори фалаҷи мағзӣ (инсулт) мекунад. Ин намуди равған дар таркиби худ маводҳои консерогенӣ доштааст, ки ҳуҷайраҳои саратониро дар инсон зиёд мекардааст.

“Яке аз хатарҳои ҷиддие, ки равғани палма ба саломатии инсон мерасонад, ин вайроншавии кори ҷигар аст, ки тариқи талхадон филтр мешавад. Ин равғани вазнин аст ва организм онро суст аз худ мекунад, ба зиёд шудани халестерини хун ва пӯшида шудани роҳи рагҳои хунгарди инсон оварда мерасонад. Фишори хунро баланд мекунад ва ё ин ки ба бемории фалаҷи мағзӣ (инсулт) оварда мерасонад”.

Оҷонсии “Тоҷикстандарт” аз соли 2016 воридоти равғани палма ё нахлро, ки асосан аз Эрону Малайзия ва Покистон ба Тоҷикистон оварда мешуд, манъ кардааст. Масъулини ин оҷонсӣ мегӯянд, дар ташхиси охирони намуна аз 200 тонна равғани палма низ собит шуд, ки он ғайристандартӣ будааст. Ташхиси худи соҳибкор низ дар чанд озмоишгоҳ чунин натиҷаро собит сохтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Переводы:

Похожие материалы

spot_imgspot_img

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Новости компаний

Новости компаний

Новости компаний

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ПОСЛЕДНИЕ НОВОСТИ

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...