Айни замон дар Тоҷикистон 1 ҳазору 471 минтақаи ниҳоят хавфнок барои иқомат ба қайд гирифта шудааст, хабар дод ба рӯзноманигорон раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Рустам Назарзода.
Ӯ шарҳ дод, ки 308 аз ин минтақаҳои хавфнок дар қаламрави ВМКБ, 293 минтақа – дар вилояти Суғд, 401 минтақа – дар вилояти Хатлон, 223 – дар водии Рашт, 236 – дар водии Ҳисор ва 10 минтақаи хавфнок – дар шаҳри Душанбе воқеъанд.
Назарзода қайд кард, ки минтақаҳои хавфнок барои иқомат дар пойтахт дар маҳаллаи Лучоб ва Ховарон (Восточные холмы) ҷойгир шудаанд.
Ба гуфтаи раиси Кумита, 515 минтақа аз шумори умумӣ ниҳоят хавфнок буда, эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода дар онҳо хеле баланд аст.
“Дар ин минтақаҳо тақрибан 24 ҳазор хонавода зиндагӣ карда, шумори аҳолӣ 158 ҳазору 270 нафарро ташкил медиҳад, – иброз дошт ӯ. – Давоми солҳои 2021-2023 аз ин минтақаҳо ба макони амн кӯчонидани 664 хонавода дар назар аст”.
Рустам Назарзода таъкид дошт, ки соли гузашта 16 оила дар Тоҷикистон кӯчбандиро аз минтақаҳои хавфнок рад карданд.
“Ба онҳо ҷойҳои наве, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар барои иқомат ҷудо шуд, писанд наомад”, – илова намуд ӯ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.