Тафтиши парвандаи Шерафган Хоҷақулови 38-сола, корманди хадамоти амнияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) ба итмом расида, ҷиҳати баррасӣ ба суд пешниҳод шуд.
Аслиддин Меликов, муовини директори генералии ФБД дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки тафтиши ин парванда дар Прокуратураи нақлиёти ҷумҳурӣ гузаронида шуда, ба баррасии суди ноҳияи Шоҳмансур фиристода шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, Шерафган ва ду тан аз ҳаммаслакони ӯ ба “қаллобӣ” айбдор карда мешаванд.
“Ин се нафар барои харидани билетҳои ҳавопаймоӣ аз Душанбе ба Русия аз шаҳрвандон 109 ҳазор сомонӣ гирифтаанд, лекин ба ивази он ба шаҳрвандон билет надодаанд, – гуфт Меликов. – Яке аз ҳаммаслакони Шерафган – Ҷамшед Саломов айни замон дар ҳабс буда, сеюмаш гурехтагӣ аст”.
Ба гуфтаи ӯ, онҳо бисёр шаҳрвандонро фиреб карда, пас аз воқеъаи рухдода аксарият аз арзу шикоятҳои худ даст кашидаанд.
Ҳамчунин ӯ фарзияи ба худкушӣ даст задани Шерафганро бо сабаби пардохт нашудани музди меҳнаташ рад кард.
“Дар давраи пандемия ба ӯ ҳамагӣ 4 ҳазор сомонӣ пул пардохт шуд, – қайд кард номбурда. – Ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар ин хусус ба ихтиёри прокуратура дода шуданд”.
Ёдрас мекунем, ки корманди хадамоти амнияти ФБД нимаи дуюми рӯзи 26 октябр бо истифода аз силоҳи хизматии худ даст ба худкушӣ зад. Он замон пайвандонаш изҳор дошта буданд, ки ӯ ба аломати эътироз ҷиҳати пардохт нашудани маош дар зарфи 9 моҳ худкушӣ кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.