Роҳбари КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” (ХМК)-и Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода зимни нишасти хабарии имрӯза хабар дод, ки имсол дар ҷумҳурӣ тарифҳо ба хизматрасониҳои таъминот бо об ва баровардани партовҳо боло бурда намешаванд.
“Ҳарчанд тарифҳои мазкур пасту хароҷоти корхонаро рӯйпӯш карда наметавонанд”, – қайд кард ӯ.
Тавре дар КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” маълумот доданд, тарифҳо барои ҳар кадоме аз шаҳру навоҳӣ фарқ доранд.
Дар Душанбе тарифҳо ба хизматрасониҳои таъминот бо об ва обу корез барои гурӯҳҳои гуногуни истеъмолгарони пойтахт бар асоси қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ тағйир дода шуд.
Дар ин қарор ба корхонаи “Обу корези Душанбе” дастур дода шуд, ки насби обҳисобкунакҳоро оид ба харҷи об таъмин кунад. Ин ба корхона имкон медиҳад, ки харҷи воқеии об ва истифодаи обу корезро аз ҷониби аҳолӣ саҳеҳ муайян созад. Инчунин истеъмолгарон низ пули обро мувофиқи нишондиҳандаи обҳисобкунак пардохт мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.