spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Чин дар сарҳад бо Тоҷикистон нуқтаи нав месозад

Масъалаи марбут ба бори тоҷирони Тоҷикистон, ки дар Чин дармондаанд, зери назорати ҷиддии сохтори мост, гуфт имрӯз зимни нишасти хабарӣ вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин.

“Мо вохӯриҳо доштем. Ҷониби Чин дар сарҳад барои поккорӣ (дезинфексия)-и мошинҳо нуқта месозад. Тавре ҳукумати Чин ба мо изҳор дошт, сохтмони ин нуқта бояд охири моҳи феврал ба анҷом расад”, – гуфт вазир.

Сироҷддин Муҳриддин ҳамчунин хотиррасон намуд, ки ҳозир дар Чин таътили солинавӣ ҷараён дорад.

Қаблан раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода воридкунандагони молу маҳсулот аз Чинро аз ҷумлаи бештар зарардидагон аз оқибатҳои пандемия номид.

Номбурда қайд кард, ки ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродӣ айни замон аз бозистии интиқоли молу маҳсулоташон аз Чин зиёни зиёд мебинанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷирони “Корвон” зарар дидаанд, Чин иҷозаи интиқоли борҳоро намедиҳад

Ба гуфтаи ӯ, молу маҳсулоте, ки бояд ба Тоҷикистон оварда шавад, аз моҳи октябри соли гузашта дар сарҳади Чин дармондаанд.

Раиси Палата, сабаби асосии иҷоза надодани интиқоли молу маҳсулотро аз Чин пандемияи коронавирус унвон кард.

Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки пас аз анҷоми Соли нави Чин молу маҳсулоти соҳибкорони ватанӣ ба Тоҷикистон оварда мешаванд.

Мутахассисони ПСС мегӯянд, айни замон дар дигар кишварҳои ҳаммарз бо Чин низ чунин мушкилӣ вуҷуд дорад, зеро ин давлат қоидаҳои риояи меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологиро ҳангоми интиқоли бор сангинтар кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...