spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Боздошти раҳбарияти ду ширкати Тоҷикистон барои саркашӣ аз пардохти андозҳо

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон барои рӯйпӯш кардан ва саркашӣ намудан аз пардохти андоз боз кардани парвандаи ҷиноятиро нисбати муассисон ва раҳбарияти ду ширкати хусусӣ дархост кард.

Муассис ва роҳбари ҶДММ “Коммуникация Сервис” Саидҷамол Ғаффоров ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шуд, хабар медиҳад Кумитаи андоз.

Гуфта мешавад, айни замон ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, ба саркашӣ аз пардохти андоз айбдор карда мешавад, ки ҳаҷми умумии он бо назардошти ҷарима ва фоизҳо 2 млн 158 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 190 ҳазор доллар) арзёбӣ мешавад.

ҶДММ “Коммуникация Сервис” намояндаи расмии ширкати технологии Fort Telecom-и Русия дар Тоҷикистон мебошад. Ин ширкат, аз ҷумла технологияи Machine-to-Machine (технология барои табодули маълумот байни мошинҳо)-ро таҳия ва истеҳсол кардааст.

Дар маълумоти сомонаи расмии Fort Telecom қайд мешавад, ки соли 2018 ширкат ба васлу насби низоми мониторинги Fort Monitor барои ба ҳадди пасттарин расонидани хароҷоти “корхонаи бузургтарини саноатӣ дар Тоҷикистон – ширкати “Фароз” машғул буд, ки фаъолияти он соҳаҳои гуногуни иқтисод, сар аз бозори хизматрасонӣ то истихроҷи нафтро дар бар мегирад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
БҶ: Андозҳо мушкили доғтарини бахши хусусӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонанд

Ба иттилои манбаъ, инчунин муассиси ширкати сохтмони “Иморатсоз” Ҳокимҷон Қурбонов ва роҳбари ин ширкат Тӯйчӣ Атобоев низ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, онҳо низ айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Дар рафти санҷиши ҳуҷҷатҳо оид ба фаъолияти “Иморатсоз” кормандони Кумитаи андоз муайян кардаанд, ки давоми солҳои 2018-2020 ширкат аз рӯйи натиҷаҳои тендерҳо аз буҷет маблағ гирифта, лекин андозҳои заруриро аз он пардохт накардааст.

Ширкат ба сохтмони иншооти гуногун бо фаромиши давлатӣ машғул шуда, аз ҷумла барои кормандони мақомоти прокуратура дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт манзил бунёд кардааст.

Маблағи рӯйпӯшшуда аз пардохти андози ширкати “Имоартсоз” бо назардошти ҷаримаву фоизҳо 4 млн 56 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 360 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...