Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯзи худ парда аз баъзе парвандаву қазияҳои пурсарусадои "Агроинвестбонк" бардошт. Сулаймон Султонзода, раиси ин Оҷонсӣ дар нишасти хабарӣ ҷузъиёти парвандаҳои Исматулло Ҳаёев, молики ширкати "ХИМА" ва яке аз ёрони тиҷоратии Муродалӣ Алимардонов ва дигар шахсони маъруфи дар ин қазия дахилро ба хабарнигорон шарҳ дод.
Аз ҷумла Султонзода дар бораи зарарҳои расонидаи яке аз тоҷирони калони тиҷорати пахта Илҳом Ҳотамов, маъруф ба Илҳом-командир ё Илҳоми Ботурободӣ гуфт, ки ӯ барои хисороти калони молӣ ба давлат – гирифтани 6,4 миллион сомонӣ қарз ва пурра ғайримақсаднок истифода кардани он, барои 9 сол равонаи зиндон шуд.
"Соли 2009 молик-бенефитсиари ҶСК "Котонтекстайл" Ҳотамов Илҳом Шарбатович дар якҷоягӣ бо директори ҷамъияти мазкур Ҳакимов Раҷаб 6,4 миллин сомони маблағҳои барномаҳои давлатиро аз "Агроинвестбонк" ба тариқи кредит гирифта, онро бо роҳи истифодаи ғайримақсаднок пурра тасарруф намудаанд", – гуфт раиси Оҷонсӣ.
Додгоҳи шаҳри Душанбе Илҳом Ҳотамов ва Раҷаб Ҳакимовро бо моддаи 246 қисми 3 КҶ ҶТ (тасарруфи маблағҳои кредитӣ ба миқдори махсусан калон) муҷрим шинохту Ҳотамовро барои 9 сол равонаи зиндон кард ва Ҳакимов бо супоридани ҷарима озод шудааст.
Бино ба изҳороти Оҷонсӣ, маблағи зарари расонадаи Илҳом-командир ва ёронаш бо назардошти ҷаримву фоизҳо бо маблағи 9,2 миллион сомонӣ пурра барқарор шудааст.
Ҳамчунин Оҷонсӣ қазияи пурсарусадои Исматулло Ҳаёев, молики гуруҳи ширкатҳои ХИМА-ро низ шарҳ дод. Ин ниҳод дар тиҷорати Ҳаёев тасарруфи наздик ба 50 миллион сомонии пули "Агроинвестбонк"-ро ошкор кардааст.
Исматулло Ҳаёев, писари Изаттулло Ҳаёев сарвазири собиқи Тоҷикистон ва яке аз ёрони тиҷоратии Муродалӣ Алимардонов, раиси "Агроинвестбонк" гуфта мешавад.
Бино ба иттилои Оҷонсӣ, "молик-бенефитсиари ширкатҳои ХИМА Ҳаёев Исматулло дар якҷоягӣ бо дигар шахсони масъули ширкатҳои мазкур соли 2009 аз Агроинвестбонк 54,3 млн сомонӣ маблағҳои мақсадноки барномаҳои давлатии рушди соҳаи кишоварзиро ба сифати кредит гирифта, бар хилофи талаботи шартномаи қарзӣ, 49,3 млн сомонии онро бо роҳи истифодаи ғайримақсаднок тасарруф намудаанд".
Ба гуфтаи Султонзода, Ҳаёев низ бо моддаи 246 қисми 3 КҶҶТ аз сӯйи Додгоҳи шаҳри Душанбе гунаҳкор дониста шуда, барои 10 сол аз озодӣ маҳрум шуд ва яке аз масъулони ширкатҳои вай бо номи Бобев барои 10 сол ба зиндон равона гардид.
Оҷнсии зидди фасод бар ин назар аст, ки ин ҳолатҳои тасарруфи ҳангуфти маблағҳои "Агроинвестбонк", аз сӯйи ин бонк "бар хилофи талаботи дастурамали Бонки миллӣ "Дар бораи тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоиз дар ташкилотҳои қарзӣ", хусусан дуруст муайян накардани вазъи моляивию пардохтпазирии мизоҷ, ба таври зарурӣ баҳогузорӣ накардани амволи гарав ва омилҳои дигар" сар задааст.
Ба ҳамин тартиб ба иддаои Оҷонсии зиддифасод, "ба се ширкати гуруҳи "Хуҷандинвесткотон" дар доираи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи ресандагӣ 41, 4 миллион сомонӣ қарзи муҳлатноки бонкӣ дода шудааст. Дар натиҷаи роҳ додан ба чунин хунукназарӣ, масъулини ширкатҳои мазкур 31,5 миллион сомонӣ қарзи гирифтаро мақсаднок истифода накарда, бо роҳи пардохти қарзҳои қаблии худ ва дигар хароҷоти пешбинишуда, тасарруф намудаанд".
Ҳоло нисбат ба муассиси гуруҳи ширкатҳои "Хуҷандинвесткотон" Негматов ва дигар шахсони масъули гуруҳи ширкатҳои мазкур низ бо моддаи 246 қисми 3 КҶҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, ки тафтишоти он давом дорад.
"Агроинвестбонк" тақрибан 6 сол боз бо буҳрон рӯбарӯст ва наметавонад беш аз 700 миллион сомонӣ амонати мардумро баргардонад ва ҳоло 650 миллион сомонии дигар қарзи пасандозҳои мардумро нагардонидааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.