spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Соли 2020 сармоягузории мустақими хориҷӣ ба Тоҷикистон 53% кам шуд

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода зимни нишасти матбуотии имрӯза, 16 феврал хабар дод, ки соли 2020 ба иқтисоди кишвар дар ҳаҷми 428 млн доллар сармоягузории хориҷӣ ворид шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, сармоягузориҳо ба иқтисоди Тоҷикистон асосан аз Чин (зиёда аз 150 млн доллар), Арабистони Саудӣ (39 млн доллар) ва Филиппин (38 млн доллар) сурат гирифтаанд.

Раиси Кумита таъкид дошт, ки ҳудуди 162 млн долар аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои хориҷӣ ба сармоягузориҳои мустақим рост меоянд.

Ӯ қайд кард, ки дар муқоиса бо соли 2019 ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ ба андозаи 53% кам шуданд.

Қодирзода бо истинод ба ниҳодҳои маъруфи байнулмилалӣ зикр кард, ки соли 2020 дар саросари дунё ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба миқдори 42% коҳиш ёфта, имсол 5-10% камшавии онҳо дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Кумита, айни замон дар Тоҷикистон 70 лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии наздики зиёда аз 3,5 млрд доллар мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Ҳудуди 50% маблағгузории лоиҳаҳои амалишаванда бар асоси қарзҳо ва 45% – бар асоси кумаки бебозгашт (грант) сурат гирифта, боқимондаро ҳиссаи маблағгузории ҳукумат ташкил медиҳад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Соли 2020 ба соҳаи сохтмон беш аз 1,1 млрд доллар сармоягузорӣ равона шуд

Ин маблағҳо ба барқарор ва рушди низоми нақлиёту энергетика, соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, бахши кишоварзӣ ва обёрӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, идоракунии давлатӣ ва дигар самтҳо равона мегарданд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Барномаи қарзҳои давлатии хориҷӣ ният дорад, ки дар се соли наздик баҳри татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми 1 млрд 160 млн доллар қарзи хориҷӣ дастрас кунад.

Аз ҷумла, соли 2021 ҷалби 452,9 млн, соли 2022 – 459,7 млн ва соли 2023 – 246,8 млн доллар ба нақша гирифта шудааст.

Дастрасии ин маблағҳо асосан аз ҳисоби Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки исломии рушд ва Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ аз ҷониби Бонки осиёии рушд, Фонди Саудии рушд, Фонди Кувейтии рушд, Бонки содиротиву воридотии Чин (Эксимбонк), Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки авруосиёии рушд ва дигар мададрасонон маблағгузорӣ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...