spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Боздошти боз шаш шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар Бодканди Қирғизистон

Расонаҳои қирғизӣ аз боздошти шаш нафар шаҳрванди Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки бино ба гузориши онҳо бо такя ба мақомоти марзбонияшон ҳангоми интиқоли ғайриқонунии нерӯҳои минералӣ боздошт шудаанд. Дар ин бора пойгоҳи қирғизии 24.kg ба истинод ба Хадамоти давлатии марзбонии ин кишвар хабар додааст.

Бино ба навиштаи ин хабаргузорӣ, марзбонони қирғиз муштаракан бо КДАМ-и ин кишвар дар минтақаи сарҳадии Борбордуки ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд шаш нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва ду мошини боркаши навъи Shacman-ро боздошт кардаанд. Ин шаҳрвандон дар ҳоле боздошт шудаанд, ки гӯё борхалтаҳои нерӯҳои минералӣ (селитра)-ро бидуни иҷоза тасмим доштаанд бо ду мошини боркаш ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Дар ҳоли ҳозир назари мақомоти Тоҷикистон ва худи шаҳрвандони боздоштшуда дар мавриди ин қазия маълум нест ва ҳамчунин шахсияти нафарони боздоштшуда низ барои расонаҳо дастрас нашудааст. Мақомоти Қирғизистон нагуфтаанд, ки ин шаш нафарро барои қочоқи бор боздошт кардаанд ё барои убури ғайриқонунии марз.  

“Мошинҳо бо рақами мушаххаси Тоҷикистон буданд. Ҳангоми азназаргузаронии мошинҳо, сарҳадбонон ва кормандони КДАМ 338 халта селитраро бидуни иҷоза дарёфт карданд. Қарор буд, ки ин бор бо роҳи ғайриқонунӣ берун аз посгоҳ ба Тоҷикистон фиристода шавад. Пас аз сабти асноди дахлдор, боздоштшудагон, бори онҳо ва воситаҳои нақлиёт барои тафтишоти иловагӣ ба кормандони мақомоти салоҳиятдор супорида шуданд”, – хабар додааст Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон.

Ин хабар дар ҳолест, ки 14 шаҳрванди дигари Тоҷикистон 7 рӯз пеш низ дар марзи Қирғизистон боздошт шуда буданд ва то кунун сарнавишташон норӯшан аст. Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо зикри ин ки кормандони сафорати Тоҷикистон ба ин қазия расидагӣ мекунанд, дар нишасти матбуотии рӯзи 15-уми феврал изҳори умедворӣ кард, ки ин қазия “мусбат ҳал мешавад”.

Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти охирини матбуотии худ изҳори умедворӣ кард, ки раҳбарияти нави Қирғизистон барои беҳбуди равобит талош ба харҷ медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...