Давоми як шабонарӯз бар асари садамаҳои нақлиёт дар роҳҳои ҷумҳурӣ 1 кӯдак, 2 зан ва 1 шахси калонсол ба ҳалокат расиданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи “Опел Астра”, сокини 43-солаи ноҳияи Файзобод зани 44-солаи истиқоматкунандаи пойтахтро пахш кардааст, ки дар натиҷа зан дар беморхона ҳалок шудааст.
Ҳамин рӯз ронандаи “ДЭУ-Сиэлло” сокини 31-солаи ноҳияи Кӯшониён дар роҳ аз шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷомӣ ноболиғи 8-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Вахшро пахш кардааст, ки дар натиҷа писарча аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар роҳи Душанбе-Бохтар, дар қаламрави ноҳияи Хуросон автомашинаи MAN Fortuna зери идораи сокини 53-солаи шаҳри Душанбе сокини 66-солаи ноҳияи Хуосонро пахш мекунад, ки дар натиҷа ӯ ҳалок мешавад.
Чорумин садамаи нақлиёти марговар дар роҳи Душанбе-Ваҳдат рух дода, ронандаи 29-солаи “ДЭУ-Нексия”, сокини ноҳияи Ховалинг, зани 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш кардааст, ки дар натиҷа зан дар бемористон ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки пиёдагардон, Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон аз 19 то 28-уми феврали соли 2021 дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Пиёдагард»-ро мегузаронад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.