spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Талко” аз “Барқи тоҷик” 390 миллион сомонӣ қарздор будааст

Ширкати алюминийии тоҷик "Талко" аз ширкати "Барқи тоҷик" 390 миллион сомонӣ қарздор будааст. Ин ширкат бузургтарин қарздор дар миёни ширкатҳои қарздор унвон мешавад. Ҳамчунин қарзи аҳолӣ то 1-уми январи соли 2021 аз ин ширкат як миллиарду 342 миллион сомониро ташкил медиҳад, – мегӯяд масъулони ин ширкат. Ҳамчунин қарзи дебитории қувваи барқ 3,1 миллиард сомонӣ шудааст.

Ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, ки соли гузашта ба хориҷи кишвар 1 млрд, 536,8 млн кВт.соат барқ содир кардааст. Аммо ба гуфтаи масъулони ширкат, ин миқдор неруи содиротӣ нисбат ба як соли пеш хеле кам аст.

Раиси ширкати "Барқи тоҷик" Мирзо Исмоилзода дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ки онҳо аз соли 2019  ба хориҷ 1 млрд, 399,8 млн, кВт.соат  барқ кам содир кардаанд, ки ин барои ширкат 38,4 миллион сомонӣ зарар овардааст.

"Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ширкати Барққи Тоҷик 15 млрд, 248,4 млн кВТ соатро ташкил дод, ки ин назар ба соли гузашта 215,6 млн.кВт соат кам мебошад. Сабаби ин маҳдуд гардидани захираҳои обӣ-энергетикӣ аз ҳисоби кам гардидани маҷрои дарёи Вахш ва вобаста ба ин ғайриимкон гардидани ҳаҷми пешбинишудаи содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар мебошад", – гуфт Исмоилзода.

Дар умум, соли 2020 "Барқи тоҷик" дар бозори дохилӣ ба маблағи 3 млрд, 414,1 млн.сомонӣ неруи барқ фӯрухтааст, ки назар ба соли 2019 388,7 млн сомонӣ зиёд аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...