spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Суҳайл Нақвӣ: Донишгоҳи Осиёи Марказӣ фақат барои исмоилиҳо нест

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ду сол мешавад, ки дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон донишҷӯёнро мепазирад. Ин донишгоҳест, ки таҳсил дар он мутобиқ ба баландтарин меъёрҳои ҷаҳонист. Дар маросими ба кор оғоз кардани он ҳатто Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ширкат кард. Вале дар мавриди ин Донишгоҳ ҳассосиятҳои зиёди сиёсиву фарҳангӣ вуҷуд дорад. Бархе онро ҷузъи як лоиҳаи давомдори сиёсӣ дар минтақаи стратегии Бадахшони ду сӯйи дарёи Ому медонанду, бархеҳо як донишгоҳ барои аққалиятҳои мазҳабӣ. Воқеият чист? Ректори донишгоҳ ба ин саволҳои сахт ва пурсишҳои дигари Asia-Plus посух медиҳад. 

Ҷаноби ректор биёед суҳбатро аз ин оғоз кунем, ки ҳадафи бунёди як донишгоҳ бо сифатҳои ҷаҳонӣ дар доманакӯҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ чист, дар ҳоле, ки аксаран ин гуна донишгоҳҳо дар пойтахтҳо бунёд мешаванд?

Cуҳайл Нақвӣ: Ҳадафи донишгоҳ овардани тавсеа ба манотиқи кӯҳистон ва нишон додани он, ки бо дониш метавон ҷомеаҳоро таҳаввул дод ва ҳамқадами замон буд.

– То ҷое, ки мо маълумот дорем масрафи яксолаи Шумо барои як донишҷӯ 28 ҳазор доллар аст, аммо ҳаққи таҳсил ҳамагӣ 8 ҳазор долар таъин шудааст, вале донишҷӯён аз ин камтар ҳам мепардозанд. Ин тафовутро чӣ гуна шарҳ медиҳед? Ин масрафотро аз чӣ ҳисоб донишгоҳи Шумо ҷуброн мекунад ё ба ибораи дигар донишгоҳ аз куҷо сармоягузорӣ мешавад?

МЕДИА (YOUTUBE)

Суҳайл Нақвӣ: Донишгоҳҳои ҷаҳон тиҷорат нестанд. Онҳо дар ин қолаб ё бо ин тарз фаъолият намекунанд. Ҳадди аққал донишгоҳҳои хубе, ки онҷо донишҷӯён барои таҳсил пул мепардозанд. Тарзи фаъолияташон чунин аст, ки ҳукумат ва шахсоне, ки дар ҷаҳон муваффақ шудаанд, барои таҳсили донишҷӯёни дигар имконият фароҳам мекунанд. Мо қаблан гуфтем, ки чаро як донишгоҳ дар минтақаи кӯҳистонӣ бунёд шудааст. Вақте ки суҳбат дар мавриди истеъдоди инсон мешавад, фарқе вуҷуд надорад, ки шумо аз шаҳрҳои хурд ё бузург меоед. Истеъдод дар ҳама ҷо пайдо мешавад ва ин масъулияти донишгоҳ аст, ки аз он истифодаи босамар кунад. Муҳимтарин қисмати донишгоҳ устодон ва донишҷӯён мебошанд.

Мо як як муҳити фавқулодаеро эҷод кардаем, ки устодон ва донишҷӯён фазои муносибе барои андеша ва пажӯҳиш дошта бошанд. Инчунин ҳадафи мо овардани устодони беҳтарин аз тамоми нуқоти ҷаҳон ба донишгоҳ аст. Ҳамаи ин ба буҷаи зиёде ниёз дорад.

Тавре, шумо зикр кардед, мо дар як сол барои як донишҷӯ бештар аз 25 ҳазор доллари амрикоӣ масраф мекунем. Дар ҳоли ҳозир тамоми буҷаи мавриди ниёзи донишҷӯён аз Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (AKDN) меояд. Донишгоҳ аз рӯйи як принсипи асосӣ фаъолият мекунад. Агар шумо ба андозаи кофӣ барои дохил шудан ба донишгоҳ тавоноӣ дошта бошед, вазъияти молияви шумо садди роҳ намешавад ва мо кумаки молиявиро кафолат медиҳем.

Ҳамин тавр, шумо мағзҳои беҳтаринро дар кишвар мегиред ва онҳоро дар як фазое қарор медиҳед, ки онҳо онҷо метавонанд корҳои халлоқонаеро анҷом бидиҳанд. Минтақаи кӯҳистон ба ин раванд оромиш ва осудагӣ медиҳанд ва фазоеро эҷод мекунад, ки халлоқияти инсон равнақ пайдо кунад. Мо инчунин ба зиндагии инсонҳо ва чигунагии пешрафти сифати зиндагии онҳо дар ин манотиқ нигоҳ мекунем. Ҳадафи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ҳамин аст.

– Донишгоҳи Шумо ройгон ҳам донишҷӯ мепазирад?

Суҳайл Нақвӣ: Бале. Тавре, ки қаблан ҳам қайд кардам, замоне ки донишҷӯён барои дохил шудан ҳуҷҷат месупоранд, мо танҳо ба он нигоҳ мекунем, ки оё онҳо истеъдоди дохил шуданро доранд ё на. Ба ҷанбаи молиявии онҳо таваҷҷуҳ намекунем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Шумораи донишҷӯёне, ки ройгон таҳсил мекунанд чанд дарсад аст?

Суҳайл Нақвӣ: Маблағи миёнае, ки донишҷӯён барои таҳсил, хобгоҳ, ғизо ва лаптоп мепардозанд 1500 доллари амрикоӣ дар як сол аст. Дар ин миён донишҷӯёне ҳам ҳастанд, ки ҳеч маблағе намепардозанд. Ҳоло теъдоди дақиқи онҳоро надорам, вале тахмин мезанам, ки 20%-ро ташкил медиҳанд.

 – Аз рӯи таъйинот як бахши дигаре аз донишгоҳи Шумо дар Қазоқистон боз шавад. Қарор аст, ки он кай боз шавад?

Суҳайл Нақвӣ: Ҳамон тавре медонед Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар натиҷаи шартномаи байналмилалӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон, ки аввалин давлате буд онро имзо кард, Ҳукумати Қирғизистон, Ҳукумати Қазоқистон ва Имомати Исмоилӣ таъсис ёфт. Мо дар доираи тарҳи донишгоҳ ба бунёди Мактаби илмҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва дақиқ дар Текелии Қазоқистон мутааҳҳид ҳастем. Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдорӣ мо аллакай дар Текелӣ фаъол аст. Феълан дар асоси шарнтномаи қаблан имзошуда ду протокол дар ҳоли имзо шудан аз ҷониби парлумони Қазоқистон ҳастанд. Ҳарчи зудтар ин протоколҳо имзо шаванд, тарҳ ва сохтмони кампуси донишгоҳ оғоз мешавад.

– Шумо умедвор ҳастед, ки ин протоколҳо ба имзо мерасанд? Ҳассосиятҳо дар Қазоқистон дар мавриди донишгоҳи Шумо вуҷуд дорад, ки он метавонад дар оянда рақиби донишгоҳҳои бонуфузи ин кишвар шавад?

Суҳайл Нақвӣ: Ман хеле умедвор ҳастам, ки ин протоколҳо дар соли ҷорӣ ба имзо хоҳанд расид. Дар мавриди рақобат, ҳамаи кишварҳои ҷаҳон дарк мекунанд, ки муҳимтарин сармояи онҳо ҷавонон мебошанд. Ҳар кишваре дар ҷаҳон ҳамеша мехоҳад, ки донишгоҳҳои худ дар онҷо ҳузур дошта бошанд, то барои ҷавонон имконият фароҳам шавад, ки онҳо битавонанд талошҳои беҳтарини худро анҷом бидиҳанд. Вақте ки донишгоҳ муваффақ мешавад он мол ё колое нест, ки метавон онро аз кишвар берун кашид.Он ҷузъе аз хоки он кишвар маҳсуб мешавад. Он ба кишвар фоида хоҳад овард. Аз ин рӯ, ман намедонам чӣ тавр як донишгоҳи хуб аз ҷониби ҳар кишвар ба ҷуз аз манфиати воқеӣ, чизи дигаре шумурда шавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 – Шумо фақат аз кишварҳои Осиёи Марказӣ донишҷӯ мепазиред ё аз тамоми дунё? Маҳдудияте инҷо вуҷуд надорад? Ё бояд ҳадди аққал як дарсади муайян аз ин кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад?

Суҳайл Нақвӣ: Бале, инҷо маҳдудияте аст. Мо таъйин кардаем, ки 85%-и донишҷӯён аз кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон пазируфта мешаванд. Боқимондаи 15%-ро аз тамоми нуқоти ҷаҳон мепазирем, аммо тамаркузи мо рӯйи манотиқи кӯҳистонӣ ва ҳошияии ҷаҳон аст.

– Ман, албатта, бо фаъолияти донишгоҳи Шумо ошно ҳастам. Соли гузашта дар кампуси Нарин меҳмон будем. Як-ду рӯз онҷо аз кори донишгоҳ огоҳ шудем. Онҷо яке аз дӯстҳои мо кор мекунад ва мо ба дидори ӯ рафта будем. Аммо, Шумо медонед, ки дар мавриди донишгоҳи Шумо дар кишваҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳассоиятҳое вуҷуд дорад. Баъзеҳо мегӯянд ҳадафи он фаротар аз илму маориф аст ва дар оянда ҳадафҳои сиёсӣ дорад. Посухи Шумо ба ин шубҳаву гумонҳо чист?

Суҳайл Нақвӣ: Дар оиннома ва шартномаи аслии донишгоҳ ба сароҳат гуфта шудааст, ки донишгоҳ ғайрисиёсӣ ва ғайридинӣ (дунявӣ) мебошад. Дар ҳар сурат, як донишгоҳ бо таърифе, ки дорад ба таври комилан боз фаъолият мекунад. Тавре, ки шумо қаблан гуфта будед аз донишгоҳи мо дидан кардаед. Шумо устодон ва донишҷӯёнро дидед. Ҳар чизе, ки мо тадрис мекунем дар интернет дастрас аст. Ҳеч чизе пинҳон нест ва ҳеч дастури пинҳоне ҳам вуҷуд надорад. Тамаркузи мо рӯйи овардани таҳсилоти сатҳи ҷаҳонӣ ба боистеъдодтарин донишҷӯён ва овардани устодони сатҳи ҷаҳонӣ аст, ки онҳо тавонанд тадрис ва тадқиқ кунанд ва дар рушди кишвар нақши худро дошта бошанд.

 – Дуруст аст. Аммо, др. Нақвӣ, ба далели ин ки донишгоҳ, мисле, ки Шумо гуфтед аз сӯи Ташкилоти Оқохон дар умури рушд  – AKDN ҳимоят мешавад, ҳамин гуна зеҳнияте вуҷуд дорад, ки гӯё ин донишгоҳ фақат барои исмоилиҳо ҳаст. Оё чунин аст ё инҷо дину мазҳаб маҳдудият намегузорад?

Суҳайл Нақвӣ: Қатъан на! Ҳамон тавре, ки дар оинномаи донишгоҳ омадааст ин донишгоҳ ғайридинӣ ва ғайрисиёсӣ аст. Мо дар интихоби донишҷӯён аз системаи “нобиноии дусатҳа” (double blind) истифода мекунем. Яъне, ба ин маънӣ, ки донишҷӯён намедонанд, ки дар кумита чӣ касе онҳоро интихоб мекунад ва кумита номи донишҷӯёнеро, ки интихоб мекунад, намедонад. Ба ҳамаи донишҷӯён рақами ҳувият (мушаххаскунанда – ID) дода мешавад ва дохилшавӣ аз рӯи ҳамин рақам баррасӣ мешавад, на аз рӯи номҳо.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ

– Ба ҳар сурат ман ҳарду кампусро дидаам. Дар назари мо менамуд ё тасодуф буд, ки бештари донишҷӯҳо исмоилӣ ҳастанд. Оё оморе вуҷуд дорад, ки чӣ қадар исмоилӣ ва чӣ қадар ғайриисмолӣ мебошанд?

Суҳайл Нақвӣ: Мутмаинан, омор вуҷуд дорад. Масалан, мо дар кампуси Нарин ҳудуди 118 корманд дорем. Шаҳри Нарин, тавре ки шумо медонед, ҷойест, ки онҷо исмоилиҳо зиндагӣ намекунанд. Ҳамаи кормандон аз худи Нарин ҳастанд. Ҳеч касе аз байнашон исмоилӣ нест.

Дар мавриди донишҷӯён, теъдоди бештари донишҷӯён, ки ба донишгоҳ ҳуҷҷат месупоранд, аз шумори исмоилиҳо мебошанд, чунки дар ин ҷойҳо дар мавриди лоиҳаҳои Ташкилоти Оқохон оид (AKDN)огоҳии бештаре вуҷуд дорад. Бо боло рафтани огоҳӣ дар мавриди донишгоҳ дар байни ин се кишвар, мо афзоиш ёфтани теъдоди довталабони ғайриисмоилиро мушоҳида мекунем. Ҳамон тавре, ки қаблан зикр шуд, донишҷӯён бар асоси шоистагӣ интихоб мешаванд ва кумитаи интихоби донишҷӯён ҳеч роҳе барои донистани исмоилӣ ва ғайриисмоилиро надорад.

– Ман, албатта, кайфиятҳои донишгоҳи шуморо медонам. Барои мане, ки дар шароити донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил ва тадрис кардаам, муҳите, ки дар онҷо аст, ғайри қобили бовар аст. Вале, ҷолиб аст бидонем донишҷӯёне, ки аз Тоҷикистон мегиред, оё умедвориеро, ки аз як донишҷӯи маҳаллӣ доред, дониш ва шоистагии ҳаминро доранд ё не?

Суҳайл Нақвӣ: Комилан! Мо беҳтарин донишҷӯёнро аз Тоҷикистон дорем. Инро на ман, балки кормандони ташкилоте мегӯянд, ки донишҷӯёни мо ҳар тобистон онҷо таҷрибаомӯзӣ мекунанд. Ҳар як донишҷӯи мо бояд дар тӯли 3 тобистон таҷрибаомӯзӣ анҷом бидиҳад. Онҳо дар ташкилоту ширкатҳое ба монанди ЮНИСЕФ, Тисел, Coca-cola ва дар саноат коромӯзӣ мекунанд. Ончиро, ки ман дар мавриди чигунагии донишҷӯён ба шумо мегӯям, чизе аст, ки кормандони ин ширкатҳо ба мо мегӯянд. Ҳамин тавр, ба бархе аз донишҷӯёни мо аллакай баъди хатм пешниҳоди кор дода шудааст

– Оё дар таъйини маоши устодоне, ки аз Амрикову Аврупо даъват мекунед ва устодони маҳаллаӣ фарқе ҳаст?

Суҳайл Нақвӣ: Мо ҳаҷми маошро вобаста ба маҳалли одамон таъйин намекунем. Маош тавассути бозоре, ки одамон ба он тааллуқ доранд, таъйин мешавад. Бино бар ин, агар онҳо дар Австралия тадрис мекунанд ва ба инҷо биёянд маоши онҳо бояд бо маоши Австралия созгор бошад. Дар дарозмуддат ҳадафи мо ин аст, ки аксарияти устодон бояд аз ҳисоби шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Маркзаӣ бошад. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф мо Барномаи омода кардани устодон аз кишварҳои Осиёи Марказиро (CAFDP) рӯи даст дорем. Дар доираи ин барнома мо истеъдодҳои беҳтаринро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ пайдо мекунем ва барои онҳо имконият медиҳем, то дар донишгоҳҳои беҳтарини кишвар ба таҳсили давраи докторӣ фаро гирифта шаванд. Ин раванд ниёз ва вақт зарурат дорад, аммо дар дарозмуддат аксарияти устодони мо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳанд буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дарс дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ

– Донишгоҳи Шумо дар Тоҷикистон иҷозаи фаъолиятро ба сахтӣ гирифт. Мехостам бифаҳмам, ки мушкил бар сари чӣ буд?

Суҳайл Нақвӣ: Хуб, ман фикр мекунам, ки нигоҳ кардан ба имрӯз ва оянда хеле муҳим аст. Ман имрӯз шарафи мулоқот бо Вазири ва муовини аввали вазири маорифро доштам. Дар ин мулоқот барои фаъолияҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба ҷуз аз кафкӯбӣ чизи дигаре набуд. Ҳар замоне ки идея ва ниҳодҳои нав ба вуҷуд меоянд хеле чизҳои мухталифе ҳастанд, ки ношинохтаанд ва ба тартиб дароварадни онҳо вақт мегирад.

– Яъне, мушкили ҷиддие набуд?

Суҳайл Нақвӣ: На. Ба ҳеч ваҷҳ на. Мо дар ҳоли ҳозир дар мавриди ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Тоҷикистон барои овардани стандартҳои ҷаҳонӣ ба онҳо суҳбат мекунем. Мо бо Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҳамкории наздик дорем. Бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар мавриди бахши технология кор мекунем. Бо Ҳукумати Тоҷикистон барои даст ёфтан ба ҳадафҳои рушд хеле кор мекунем.

– Шумо ҳатман ба унвони ректори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ огоҳ ҳастед, ки маориф дар кишварҳои мо хусусан дар Тоҷикистон ба кундӣ пеш меравад. Агар моил бошед ба ин суол посух диҳед, ки бахши маорифи мо дар воқеъ чӣ мушкил дорад?

Суҳайл Нақвӣ: Биёед аввал дар бораи нуктаи мусбат суҳбат кунем. Тоҷикистон ба унвони кишваре, ки буҷаи зиёде дар дастрас надорад, аммо бештар аз 95 дарсади мардумаш босавод мебошад, ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Маблағ яке аз мушкилоти бузургест, ки соҳаи маориф бо он рӯ ба рӯ аст. Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои пешрафта мумкин аст 100 маротиба бештар аз хароҷоти мавҷуд дар Тоҷикистонро барои як донишҷӯ масраф мекунанд. Дар мавриди методологияи тадрис, ниёз ва таваҷҷуҳи бештар ба тафаккури интиқодӣ ва мустақил аст.Масъалаи дигар кайфияти омӯзгорони фанҳои риёзӣ ва илмҳои дақиқ аст. Ғайр аз ин, теъдоди солҳои мактабхонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ 11 сол аст, ки баробар ба стандарти ҷаҳонии 12-сола нест. Як сол тафовути зиёдеро эҷод мекунад. Бино бар маҳдудиятҳое, ки низоми маориф дорад, бисёр хуб амал кардааст. Имконяит барои беҳтар шудан вуҷуд дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Доктор Нақвӣ, бо як устоди донишгоҳ ва профессор суҳбат кардан бисёр гуворо аст, аммо маҷбурем суҳбатро қатъ кунем. Ба унвони охирин суол мехостам бидонам, ки донишгоҳи Шумо чӣ миқдор ба буҷаи Тоҷикистон андоз месупорад?

Суҳайл Нақвӣ: Мо як донишгоҳи ғайритиҷоратие ҳастем, ки насли ояндаи ин кишварро омӯзиш медиҳем. Ин бахше аз шартномае буд, ки ба имзо расид. Мо таҳсилотеро, ки арзиши бештар аз 25 ҳазор долллар дар як солро дорад, ба қиммати 1500 доллар ироа мекунем. Ин 23 ҳазор доллар сармоягузорӣ аз тарафи донишгоҳ барои ҳар як донишҷӯ ҳаст, ки онҷо таҳсил мекунад. Ин сармоягузорӣ барои ояндаи Тоҷикистон аст.

– Доктор Нақвӣ, аз суҳбат хеле хуш шудем ва умедвор ҳастем, ки ин донишгоҳ дар Осиёи Марказӣ-дар Тоҷикистон рушд мекунад ва ба нафъи ҷомеаҳои мо ва башарият хидмат мекунад.

Суҳайл Нақвӣ: Ташаккур!

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...