spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Боғе, ки президент 4 сол пеш санги аввалашро гузошт, ҳанӯз иҷозаи сохтан надорад

Сохтмони боғи фарҳангию фароғатӣ ва маҷмаъаи варзишии шаҳри Бохтар, ки санги аввали онро соли 2016 президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гузошта буд, ҳанӯз оғоз нашудаст. Он замон гуфта мешуд, ки боғи мазкур ва маҷмаъе, ки дар инҷо сохта мешавад дар Осиёи Миёна назир надорад, аммо бо гузашти беш аз 4 сол аз сохтмони ин иншоот хабаре нест.

Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода зимни нишасти матбуотиаш мушкили оғоз нашудани сохтмони ин иншоотро дар тасдиқ нашудани санадҳои он гуфт.

“Соли 2016 санги таҳдоби боғи фарҳангӣ ва маркази хизматрасонӣ бо ҷудо кардани 48 гектар замин гузошта шуда буд. Тибқи нақшаи генералии шаҳр, ки то соли 2035 тасдиқ шуда буд, албата ба анҷом расонида мешавад. Дар инҷо бисёр омилҳо ҳаст, ки мо сохтмонро оғоз карда наметавонем. Яке аз ин омилҳо ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо дар мавриди ҷудо кардани қитъаи замин аст, ки кораму обиянд. Моҳи феврали соли ҷори ҳуҷҷатҳоро аз нав омода карда ба ҳукумат ирсол кардаем. Дар ҳолати тасдиқ шудани ин санадҳо сохтмон оғоз карда мешавад”,- гуфт раиси шаҳр.

Саломзода ҳамчунин илова кард, ки ба делели кам будани заминҳои кишоварзӣ дар кишвар, барои ин ё он сохтмон иҷозаи ҳукумати ҷумҳурӣ зарур мешавад. Бе иҷоза, ҳеч кас ҳақ надорад заминро ба ин ё он мақсад ҷудо кунад.

Дар ҳамин ҳол, Саломзода аввалин раиси шаҳр нест, ки аз омода карданиҳуҷатҳову  ба ҳукумат фиристодани онҳо суҳбат мекунад.

Абдуаллим Исмоилзода шаҳрдори қаблии Бохтар низ зимни як нишасти матбуотияш гуфта буд, ки ду маротиба ҳуҷҷатҳоро омода карда ба Кумитаи идораи замин ва геодезии ҷумҳури фиристодаанд.

“Мо ҳамаи иншоотро як парванда карда, ба Кумитаи идораи замин ва геодезии назди ҳукумат фиристодем. Вале онҳо талаб карданд, ки ҳар як иншоотро дар алоҳидагӣ парванда карда фиристем. Аммо инҷо як маҷмаа аст ва он бояд як парванда бошад”,- гуфта буд Абдуаллим Исмоилзода.

Бо ин вуҷуд, ҳоло ҳам иҷозаи оғози сохтмони ин боз дода нашудааст.

Зимни нишастҳои матбуоти хабарнигорон ин масъаларо аз раиси вақти вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси ҳозира Қурбон Ҳакимзода низ пурсида буданд, вале ҷавоби онҳо низ ҳамин буд, ки ҳуҷҷатҳо дар баррасии ҳукуматанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...